Мутахассисони бахши нақлиёти шаҳри Душанбе ояндаи наздик ба шаҳрдорӣ хулосаҳои худро дар мавриди манъи ҳаракати ҳамаи микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и мусофирбар пешниҳод мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт.

Манбаъ таъкид дошт, ки онҳоро ба автобусу троллейбусҳои муосир иваз мекунанд.

Айни замон коршиносон имконоти идораҳои автобусу троллейбусҳои мусофирбари шаҳр, инчунин нақшаҳои харидории миққдори нави ин гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятиро меомӯзанд.

Ба гуфтаи манбаъ, микроавтобусҳо барои он аз роҳҳои пойтахт гирифта мешаванд, то ки ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт кам шавад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муқоиса бо дигар воситаҳои нақлиёт ронадагони микроавтобусҳо бештар ба қоидавайронкуниҳо дар ҳаракати роҳ даст мезананд ва сатҳи хизматрасонӣ дар маршруткаҳо қобили қабул нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.