Сокинони шаҳри Бохтар акнун метавонанд аз интернети баландсуръати оператори  имкониятҳои нави рақамӣ истифода баранд. Дар боғи Рӯдакӣ минтақаи ройгони Wi-Fi " Green Bokhtar" аз ширкати "МегаФон Тоҷикистон" фаъолият мекунад.

Чунин туҳфаро ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони шаҳр ба муносибати 20-солагии фаъолияти худ ҳадя намуд. Дар баробари аввалин минтақаи ройгони Wi-Fi дар вилояти Хатлон, дар боғ лавҳа (стела) бунёд гардид, ки дар наздикии он  истироҳат карда, аксҳои зебо бардоштан мумкин аст. Интернети ба ҳама дастрас барои гӯш кардани онлайн-дарсҳо ё мусиқӣ, тамошои филмҳо, мутолиаи китобҳои электронӣ дар Шабака имконият медиҳад.


Дар чорабинии ифтитоҳи лавҳа (стела) ва минтақаи Wi-Fi сардори шуъбаи идеологияи Ҳукумати шаҳри Бохтар Ҷумъахон МЕХМОНДУСТЗОДА иштирок намуд. «Технологияҳои баланд  қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо гаштанд, бо ёрии Интернет мо мушкилоти бештарро ҳал карда истодаем. Акнун, баъд  аз ифтитоҳи минтақаи Wi-Fi-и МегаФон, сокинони шаҳр на танҳо барои истироҳат, балки барои инкишофидиҳии  худ имкониятҳои нав пайдо карданд", - гуфт ӯ. 


“Имсол ширкати мо 20-умин солгарди худро таҷлил мекунад ва дар кишвар 30-солагии истиқлолияти давлатӣ  ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаҳои муҳим,  мо тасмим гирифтем, ки дар шаҳри Бохтар минтақаи ройгони Wi-Fi ташкил намоем. Қобилияти гузаришии таҷҳизот ба ҳамаи хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз интернети босуръат пурра баҳра баранд: филмҳоро бидуни манъшавӣ тамошо кунанд, китобҳоро боргирӣ намоянд ё ҳуҷҷатҳои кориро фиристанд”, - мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ