Имрӯз муҳлати тамдиди иҷозаи ҳузур барои хориҷиён дар Русия ба охир мерасад. Касонеро, ки фурсат намеёбанд, ихроҷ мекунанд. Қаблан ихроҷ бо амри президенти Русия бо сабаби коронавирус манъ шуда буд.

Аммо имрӯз, 15 июн ин санад ҳукми қонунии худро гум мекунад. Аксари муҳоҷирон ҳалли ин масъаларо ба лаҳзаи охир гузошта, аз ин рӯ, дар марказҳои муҳоҷират навбатпойиҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омад.

Дирӯз дар назди Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Сахарово дар вилояти Маскав садҳо муҳоҷирон зери шуъои офтоби сӯзон ҷамъ омада, мехостанд, ки муҳлати ҳузури қонунии худро дар қаламрави Русия дароз кунанд, хабар медиҳад РЕН ТВ.

Муҳоҷирон то ҳадде зиёд буданд, ки онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ ба дохилии бинои марказ ворид мекарданд. Бинобар ин назди даромадгоҳи марказ танбаю телаи хеле зиёд ба вуҷуд омад.

Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, тайи се ҳафтаи ахир кӯчаҳои ҳамшафати марказҳои муҳоҷират пур аз муҳҷиронанд, ки дар ҳамон ҷо шабро рӯз мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июни соли 2021 ҳузури худро дар Русия қонунӣ карда метавонанд.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд”, - хабар дода буд рӯзи 21 апрел сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират дар Душанбе.

Ӯ ба шаҳрвандони муқими Русия ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, изҳор намуд, ки аз имкони мазкур истифода баранд ва ба воҳидҳои масоили муҳоҷират дар Русия муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷират гузоранд ва барои фаъолияти корӣ иҷозатнома гиранд.

“Бори дигар такрор мекунам, ки дар фармоиши №635-и ҳукумат саҳеҳан зикр шудааст, ки пас аз ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ 90 шабонарӯз муҳлат ҳаст, яъне аз 1 апрел то 30 июн. То 15 июн амри президенти Русия амал мекунад, лекин дар фармоиши ҳукумат механизми он нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, то 30 июн ҳоло вақт ҳаст ва мо ҳамроҳи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кардем”, - иброз дошта буд Казакова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки беш аз 90 шабонарӯз дар Русия қарор доранд, барои ба сохторҳои дахлдор муроҷиат кардан ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ ҳуқуқ доранд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки шаҳрвандон аз истифодаи хидмати миёнаравон худдорӣ кунанд.

Таваҷҷуҳатонро ба ин масъала бештар ҷалб карданиам ва дархости зиёд дорам, ки ба доми миёнаравон наафтед. Мутаассифона, одамон ба миёнаравон муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд, ки минбаъд ба онҳо оқибатҳои ногувор пеш меорад. Бинобар ин, танҳо ба воҳидҳои расмии масоили муҳоҷират муроҷиат кардан лозим аст”, - таъкид дошт Казакова.

Ба наздикӣ осонтар мешавад

Федератсияи муҳоҷирони Русия чандин бор даъват кард, ки давраи имтиёзнок дароз карда шавад ва ҳукумат тасмим гирифт, ки инро ба инобат гирад.

Ҳозир ҳуҷҷате омода мешавад, ки анҷоми расмиёти воридшудагонро ба таври назаррас осон мекунад, хабар додааст ба радиои “Говорит Москва” президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

“Ин кор босуръат ҷараён дорад. То ҷое, ки медонам, ин санад барои имзо ба дастгоҳи президент пешниҳод шудааст. Ба наздикӣ он нашр мешавад. Мундариҷаи онро ифшо карда наметавонам, лекин он ҷо як давраи сабукӣ ҳаст ва ҳамааш хуб мешавад. Ташвиши ягонаам он аст, ки агар он то 15 июн ба имзо нарасад (эҳтимолияти он вуҷуд дорад), дар якчанд рӯзе, ки мо дорем, ВКД ба боздошт, ҷарима ва ихроҷ ҳуқуқ дорад. Сипас баъди имзо ҳамаи ин одамон вобаста ба ҳолатҳои нав ба суд барои бекор намудани ҷаримаву ихроҷҳо муроҷиат мекунанд. Соли гузашта ҳам чунин буд”.

Ҷузъиёти санади навро Коженов ифшо накарда, лекин изҳор дошт, ки дигар барои муҳоҷирон давраҳои имтиёзнок лозим намешаванд.

“Аксарият фикр доранд, ки ин тамдиди навбатии давраи имтиёзнок аст. Чун ин ба дили ҳама задааст, он ҷо ҳамааш хеле оқилонаву босаводона таҳия шудааст. Яъне ин амр як бор моҳи июн содир мешавад ва дигар дарозкунӣ лозим намешавад. Он ҷо як қоидаи мантиқӣ ҷой дорад”.

Ба гуфтаи Вадим Коженов, чандин маротиба ба санҷиши марказҳои муҳоҷират рафта, аз кори онҳо ягон шикоят надорад: масалан, маркази “Сахарово”-и Маскав ду-се моҳ пеш дар як рӯз 1700 нафарро қабул мекард, ду ҳафтаи охир бошад, 3700 нафарӣ.

Ёдрас мекунем, ки барои анҷоми тамоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ва гирифтани патент дар Русия муҳоҷирон бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Қаблан дар марказҳои муҳоҷират тест месупурданд, акнун ин вазифаро ба дӯши мактабҳои олӣ вогузор карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.