То субҳи 30 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, 13 ҳазору 478 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ нисбат ба як рӯзи пешин 18 кас бештар аст. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 284 нафар ё худ 98,6%-ро ташкил дода, давоми шабонарӯз 13 нафар аз беморӣ шифо ёфтаанд.

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори фавтидагон бар асари бемории мазкур бетағйир - 90 нафар боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон эмкунии оммавӣ аз коронавирус ҷараён дошта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз аллакай зиёда аз 205 ҳазор нафар таркиби аввал ва беш аз 18 ҳазор кас - таркиби дуюми  ваксинаро ҳам гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон шаҳрвандон бо ваксинаи AstraZeneca, ки тибқи барномаи Covax ба ҷумҳурӣ оварда шудааст ва CoronaVac-и истеҳсоли Чин эм карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.