Нисбат ба моҳи апрел, моҳи май ҷумҳурӣ 1,5 тонна камтар чунин кумак гирифт.

Моҳи майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 5,6 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи апрели соли равон (7,1 млн доллар) 1,5 млн доллар камтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози соли равон Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 25,4 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт. Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ кумаки башардӯстона бо вазни беш аз 7,7 ҳазор тонна аз ҷониби 28 кишвари саросари дунё расонида шудааст.

Байни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз лиҳози арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 30,8%, Русия – 16,8%, Ҳиндустон – 15,7%, ИМА – 7,3%, Ҷопон – 5,7%, Ҷумҳурии Корея – 4,1%, Швейтсария ва Белгия – 2,9%-ӣ, Олмон – 2,7%, Нидерланд – 2,1%, Италия- 1,2% ва дигар кишварҳо рост меояд.

Дар инфографикаи зер маълумоти оморӣ оид ба кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон давоми солҳои 2010-2020.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.