Аз оғози маъракаи эмкунии оммавӣ дар Душанбе ях ҳафта сипарӣ шуда, се моҳ боз категроияи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла шахсони аз 60-сола боло низ ваксина мегиранд. Рӯз то рӯз саволҳо аз аҳолӣ зиёдтар мешавад.

Оё ваксина ба ҳама мерасад, метавон бо ваксинаҳои гуногун эм гирифт, агар аллакай бемории коронавирусро аз сар гузаронида бошӣ, боз ваксина гирифтан лозим аст ва ғайра? Бо ҳамаи ин ва дигар саволҳо “Азия-Плюс” барои посух ба сардори сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров муроҷиат намуд.

- Саволи асосӣ. Дар Душанбе 24 июн ваксиназании оммавӣ оғоз гардид, оё Вазорати тандурустӣ ба ворид намудани вояҳо (дозаҳо)-и иловагӣ то марҳилаи дуюм фурсат меёбад? Зеро даври дуюми эмкунӣ бояд баъди 21 рӯз, яъне аллакай 15 июл шурӯъ шавад.

- Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки саривақт ваксинаро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, марҳилаи дуюми эмкунии одамонро таъмин кунем.

- Агар ваксинаи AstraZeneca нарасад, эмкунии дуюмро метавон бо ваксинаи истеҳсоли Чин анҷом дод?

- Не, касе ҳақ надорад, ки ваксинаҳои гуногун гирад - ҳам дар эмкунии якум ва ҳам дар эмкунии дуюм мебояд ҳамон як навъи ваксина гирифт.

- Ба гуфтаи сокинони Душанбе, ки ваксинаи CoronaVac-и истеҳсоли Чинро гирифтаанд, ба онҳо гуфтаанд, ки он танҳо як маротиба гузаронида мешавад. Ин дуруст аст?

Наврӯз Ҷаъфаров
Сурат: Asia-Plus

- Не, ваксинаи истеҳсоли Чин низ дар ду давр гузаронида мешавад. Марҳилаи дуюми он пас аз ду-чор ҳафта оғоз мегардад.

- Дар баъзе дармонгоҳҳо мегӯянд, ки ваксинаи дуюмро баъди 58 рӯз мегузаронанд. Магар дер нест?

- Фосилаи байни ду эмкунӣ тибқи тавсияҳо бояд аз 2 то 4 ҳафтаро ташкил диҳад. Лекин, ба ақидаи вирусшиносон, назардошти муҳлат он қадар муҳим нест. Яъне, агар ваксинаи дуюм каме дертар ҳам гузаронида шавад, боке надорад.

“Ваксинаҳо ба ҳама минтақаҳо расонида мешаванд”

- Ваксинаи истеҳсоли Чин ба дигар шаҳру манотиқи кишвар бурда мешавад? Онро ҳозир танҳо сокинони Душанбе мегиранд?

- Ваксинаҳо бонавбат ба ҳамаи минтақаҳои кишвар расонида шуда, одамон ваксиназанӣ мешаванд.

- Миқдори боқимондаи ваксинаи AstraZeneca тибқи барномаи COVAX кай ба Тоҷикистон оварда мешавад?

- Баъди 15 август. Ва чӣ тавре ки ман аллакай гуфтам, ваксиназанӣ идома меёбад.

- Ваксинаи русиягии Спутник кай оварда мешавад?

- Ин ваксинаро ҳам меорем, лекин мо ҳоло гуфта наметавонем, ки кай.

- Ҳозир чӣ қадар воя (доза)-и ваксина боқӣ монд?

- Ҳоло ваксина дорем, моҳи август миқдори навбатии AstraZeneca-ро қабул мекунем. Инчунин ҳозир дар бораи харидории як миқдор ваксинаи истеҳсоли Чин низ гуфтушунид дорем. Гуфтушунидҳо ҷараён доранд, то марҳилаи дуюми эмкунӣ ба харидани он фурсат меёбем.

Дар Тоҷикистон ҳоло QR-код намедиҳанд

- Гувоҳнома (сертификат)-и аз эмкунӣ гузаштанро баъди ваксиназании якум ё дуюм медиҳанд? Онро аз куҷо метавон гирифт? Он барои чист?

- Гирифтани гувоҳнома  ҳатмист ва ин далели он аст, ки шахс ваксина гирифтааст. Гувоҳномаро метавон ҳам баъди эмкунии якум ва ҳам дуюм гирифт. Табибоне, ки ба шумо ваксина мегузаронанд, ному насаби шуморо дар китоби махсус навишта, онро ба пойгоҳи компютерии маълумот дохил мекунанд.

- Маълумоти шахсони гувоҳномадори аз ваксиназанӣ гузашта ба ягон пойгоҳи байнулмилалии маълумот ворид карда мешаванд? Масалан, зимни вуруд ба Русия мақомоти ваколатдор маълумот доранд, ки ин шахс ах эмкунӣ гузаштааст? Шарҳ бидиҳед, ин низом чӣ гуна кор мекунад?

- Мо ҳоло чунин имконоти техникӣ надорем, ки QR-кодҳо диҳем. Алҳол ҳамин гувоҳномаҳо ба он ишора мекунанд, ки шумо ваксина гирифтаед, онҳо бо муҳри сардухтури беморхона тасдиқ шудаанд.

“Кӯдакон эм намешаванд”

- Дар Тоҷикистон кӯдаконро ҳам эм мекунанд? Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ваксиназании шахсони синни аз 18-сола поён тавсия дод.

- Не, кӯдакон аз коронавирус эм намешаванд, танҳо шаҳрвандони синни аз 18-сола боло.

- Агар бемории коронавирусро паси сар карда бошӣ, боз ваксина гирифтан лозим аст? Агар лозим бошад, пас чаро?

- Бале, ваксинагирӣ имкон дорад. Лекин онро танҳо пас аз 3-6 моҳи гузаштан аз муолиҷа анҷом мебояд дод.

- Агар ҳоло ҳам подтанҳо (антителаҳо) боқӣ монда бошанд чӣ?

- Подтанҳо бо гузашти вақт гум мешаванд. Дигар мутахассисон ҳам тавсия медиҳанд, ки ба подтанҳо умед набаста, ваксина гирифтан лозим аст.

- Ва саволи охирин - ба кӯдаконе, ба Тоҷикистон меоянд, ПСР тест супурдан даркор аст?

- Кӯдакони синни то 3-сола ПСР тест намесупоранд. Дар Тоҷикистон чунин қоида ҷорист. Дар баъзе кишварҳо дигар буда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.