Нархи 1 кило оши палавро дар моҳи июни соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ҳисоб кардем. Бо назардошти нархи маҳсулоте, ки барои тайёр кардани “Оши 1 ба 1” истифода мешавад.

Барои 1 кило палави “Оши 1 ба 1” 1 кило биринҷ, 1 кило гӯшти гов, 1,3 кило сабзӣ, 250 грамм равған, 200 грамм пиёз гирифтем. Нархи маҳсулот дар моҳи июн тайи панҷ соли охир (2017-2021) аз маълумоти Агентии омор гирифта шуд.

Ба ин тариқ, агар дар моҳи июни соли 2017 1 кило “Оши 1 ба 1” 49,2 сомонӣ нарх дошт, пас моҳи июни соли 2021 – 98 сомонӣ. Қариб 2 баробар қиматтар.

Дар ин давра сабзӣ, гӯшт ва равған аз ҳама бештар қимат шуданд:

- 1 кило сабзӣ аз 2,4 сомонӣ дар моҳи июни соли 2017 то 9 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021;

- 1 кило гӯшт аз 34 сомонӣ дар моҳи июни соли 2017 то 63 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021;

- 1 кило равғани растанӣ аз 11,5 сомонтӣ дар моҳи июни соли 2017 то 19 сомонӣ дар моҳи июни соли 2021.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.