То ҳол маълум нест, ки парвозҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин кай барқарор мешавад ва дар робита ба ин масъала Тоҷикистон интизори посухи ҷониби Чин аст. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс» хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки онҳо ҳанӯз моҳҳои май - июн ба унвонии мақомоти Чин ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии мубориза бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон барои боз кардани парвозҳо ба ин кишвар мактуб ирсол карданд, вале бо гузашти беш аз 5 моҳ то ба ҳол аз ҳарду ҷониб посух нагирифтанд.

«Мо омодагии худро барвақт арз карда будем. Вазъияти коронавирус ҳам беҳтар шудааст. Вале то ба ҳол ҷониби Чин ба мактуби расмии мо посух надодааст. Мо интизорем»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз сабаби баста будани роҳҳо садҳо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Чин таҳсил мекарданд, наметавонанд баргарданд. Ҳамчунин набудани хатсайрҳо кори тоҷиронро, ки аз ин ҳамсоякишвар молу маҳсулот меварданд, мушкил кардааст.

Хабари боз нашудани парвозҳо аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳудуди як сол пеш, директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода дар суҳбат бо "Азия плюс" гуфта буд, ки интизор меравад, ниммаҳои моҳи октябри соли 2020 парвоз ба самти Душанбе – Урумчӣ оғоз ёбад. Вале то ҳанӯз ин парвоз барқарор нашуд ва то ба ҳол ҳеҷ ҳавопаймое аз Тоҷикистон ба Чин парвоз намекунад.

Он замон Субҳонзода қайд карда буд, ки ин тасмим аз ҷониби  ситоди ҷумҳуриявӣ гирифта шудааст ва парвозҳо тибқи ҳама меъёрҳои санитарию гигиении марбут ба пандемияи коронавирус анҷом дода мешаванд.

«Вобаста ба шумораи мусофирон, парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Урумчӣ дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва ширкати чинии «China Southern Airlines» анҷом дода мешаванд»,- гуфта буд роҳбари агентӣ.

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳанӯз 10 апрели соли 2020 Тоҷикистон марзҳои худро бо Чин баст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.