Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи имрӯза арзи сипос намуд.

Изҳори итминон шуд, ки ин рӯйдод ба  роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Раҳмон ба ҳамтои худ Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид.

Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

1/34

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.

То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей - Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.