Ҳукумати Русия ният дорад, ки аз соли оянда имконоти суперхидматрасониҳои аллакай мавҷударо дар портали хидматрасониҳои давлатӣ васеъ намуда, инчунин боз се хидматрасониии нав роҳандозӣ намояд, хабар додааст ба ТАСС муовини раиси ҳукумати Русия Дмитрий Чернишенко.

Яке аз хидматрасониҳо – “Муҳоҷирати корӣ онлайн” барои муҳоҷирон пешбинӣ гардида, он ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки ҷойи корӣ пайдо намоянд.

Ба гуфтаи Чернишенко, илова бар ин, тариқи ин хидматрасонӣ баргузории суҳбат ва имзои шартномаи меҳнатӣ низ имконпазир мегардад.

“Роҳандозии ҳуҷҷатгузории кадрии электронӣ байни кормандон ва корфармо, инчунин маҷмӯи хидматрасониҳои электронӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар суперхидматрасонии “Муносибатҳои меҳнатӣ – онлайн” ба нақша гирифта шудааст”, - иброз доштааст вай.

Дмитрий Чернишенко
Сурат: ТАСС

Дар назар аст, ки хидматрасониҳои мазкур аллакай аз соли оянда роҳандозӣ шаванд.

Ҳамчунин дар соли 2022 ҳукумати Русия ният дорад, ки дар портал хидматрасониҳои давлатии “Боркашонӣ ва мусофиркашонии бе коғаз” (борномаҳои нақлиётии электронӣ, роҳхатҳои электронӣ, иҷозатномаи махсус барои боркашонӣ) ва “Сохтмони рақамӣ” (дастрасӣ ба маҷмӯи хидматрасонӣ аз омодагӣ ба сохтмон то ба истифода додани иншооти сохтмони асосӣ)-ро роҳандозӣ намояд.

Муовини сарвазир илова намудааст, ки соли оянда ҳукумат дар назар дорад, ки қариб 100% макатабҳои олии давлатиро ба суперхидматрасонии "Дохилшавӣ ба мактаби олӣ - онлайн" насб кунад, ки барои гузаштан ба истифодаи дафтарчаи санҷишии электронӣ ва дафтарчаи донишҷуии электронӣ имкон медиҳад.

“Тағйирот ба суперхидматрасонии “Солимии ман – онлайн” низ дахл хоҳад дошт, ки ба қайд гузоштанро ба сифати шахси суғурташуда дар низоми Суғуртаи тиббии ҳатмӣ, интихоби муасиисаи тиббӣ барои суғурта ва шомил гардидан ба муассисаи тиббӣ тариқи онлайнро дар бар мегирад”, - афзудааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2020-2021 дар портали хидматрасониҳои давлатии Русия 13 суперхидматрасонӣ роҳандозӣ шуд, аз ҷумла “Дохилшавӣ ба мактаби олӣ – онлайн”, “Адолати судӣ – онлайн”, “Таваллуди кӯдак”, “Солимии ман – онлайн” ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.