Адиб ва донишманди шинохтаи тоҷик ва ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар синни 78 – солагӣ дар шаҳри Самарқанд аз олам даргузашт. Дар ин бора донишманди тоҷики муқими Алмаато Сафар Абдуллоҳ аз қавли духтари марҳум хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо адиби марҳум баъд аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Кӯйи сахо баргузор мешавад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1990), аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2000-ум барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич сазовор гардидааст.

Донишманди тоҷики муқими Алмаато Сафар Абдуллоҳ дар сӯги даргузашти Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ навиштааст, ки бо фавти Ҳаёт Неъмат “Самарқанди дардманди мо яке аз ҳомиёни бузургашро аз даст дод”.

“Хабари даргузашти устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ҳамоне ки бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ буланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо карда буд, ҳамоне, ки барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон, дар Самарканд, боре чанд гуруснанишинӣ карда буд ва ҳамоне, ки агар имкон меёфт, ханҷолкаш ба дидорам ба Панҷекат мерасид ва чанд рӯзе маҳфили дӯстонро гарм мекард, ба ман расид ва бисёр дарднок ва такондиҳанда буд”, - навиштааст ин донишманди тоҷик.
Вохурии охирини Сафар Абдуллоҳ ва Адаш Истад бо Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст, ки «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз он ҷумлаи онҳоянд. Дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» соли 1997 дар Озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст.

Соли 2000 Ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкории киносозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст.

Ҳаёт Неъмат беш аз 30 сол аст, ки тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то ҳол дар таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашад. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавӣ якчанд таҳқиқоти илмиро ба анҷом расондааст, ба монанди монографияҳои илмии «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017)-ро ба табъ расонид.

Бузургтарин кори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ тазкираи “Сипеҳри орзу” аст, ки фарогири рӯзгор ва осори адибони охири асри 19 то ба имрӯз аст.

Мусоҳибаи шоирро бо “Азия-Плюс” инҷо бихонед: Шоир: замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар Ӯзбекистон китобҳои тоҷикиро нобуд карданд”.

Шарҳи ҳол

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. Аз таъқиби сиёсати миллатгароёнаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карда буд.

Шоир Ҳаёт Неъмат 78 сол дошт ва дар шаҳри Самарқанд мезист. Аҳли адаб ӯро пайвандгари тоҷикони Узбакистон ва Тоҷикистон медонистанд.