Ходими шоистаи Тоҷикистон табиб Ширинбек Давлатмамадов ғолиби Мукофоти байнулмилалӣ барои дастгирии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дониста шуд.

Табиб Ширинбек Давлатмамадов яке аз се нафар ғолибони озмуни “Jeonju International Awards for Promoting Intangible Cultural Heritage, 2021” (JIAPICH  - Мукофоти байнулмилалии Чонжоу барои пешбурди мероси ғайримоддии фарҳангӣ-2021) гардид.

Тавре дар торнамои созмондиҳандагони озмун зикр мешавад, мукофот аз ҷониби раҳбарияти шаҳри Чонжоу таъсис дода шудааст, ки аҳаммияти мероси ғайримодии фарҳангӣ ва зарурати ҳифзи онро дарк мекунад.

Ширинбек Давлатмамадов
кадр аз навори видео

Он ҷо бар ин назаранд, ки мероси ғайримоддии фарҳангӣ захираест барои беҳбуди шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва фарҳангӣ, инчунин қонеъ сохтани орзуву ормони ҳамаи одамоне, ки дар ҷомеаи глобалӣ ба сар мебаранд.

Имсол дар JIAPICH 44 нафар аз 29 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, се нафарашон ғолиб дониста шуданд.

Дар чорабинӣ ба ин муносибат дар Маркази исмоилияи Душанбе зикр шуд, ки ҷараёни интихоби ғолибон хеле душвор буд, зеро ҳамаи довталабон ходимони касбии дорои таҷрибаи ғанӣ дар ҳифзи мероси фарҳангӣ буданд.

Ширинбек Давлатмамадов Ходими шоистаи Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби мардумӣ ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гулу гиёҳ” мебошад. Тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияти худ даҳҳо нафар беморонро шифо бахшидааст.

Ширинбек Давлатмамадов
кадр аз навори видео

Муаллифи зиёда аз 30 китоб буда, бо мукофотҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2002 ба унвони Ходими шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуда, соли 2013 бо Ордени Гиппократи Академияи илмҳои халқии Русия шарафёб гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.