Аз 10 ноябр қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе боло меравад. Дар ин робита таърифаҳо (тарифҳо)-и City Card низ тағйир меёбанд.

Аз 10 ноябр арзиши роҳкиро дар Душанбе тариқи зайл хоҳад буд:

- дар автобус - 1,80 сомонӣ бо пардохт тариқи корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе - 2,5 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дукони истгоҳҳо дастрас кардан мумкин аст);

- дар троллейбус - 1,50 сомонӣ бо корт (тариқи кортҳои яксафара ва QR-codе - 2 сомонӣ. Кортҳои яксафараро аз дукони истгоҳҳо дастрас кардан мумкин аст);

- дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо) - 2,5 сомонӣ;

- як километри роҳкиро дар такси - 3 сомонӣ;

Ин нархҳо зимни пардохт бо кортҳои City Card мувофиқи таърифаи маъмулӣ (стандартӣ)-и “Хуш омадед”, яъне бидуни тахфиф (камшавии нарх) амал мекунанд.

Тахфифҳо барои донишҷӯён ва кӯдакон

Ғайр аз ин, дар City Card таърифаҳо бо тахфиф барои донишҷӯён ва наврасон вуҷуд доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур хабар доданд, ин таърифаҳо ба тариқи зерин иваз шудаанд:

«Наврас» - дар автобус - 0,9 сомонӣ, дар троллейбус - 0,75 сомонӣ. Ин таърифа барои кӯдакони синни аз 5 то 10-сола пешбинӣ шудааст.

«Донишҷӯ» - дар автобус - 1,26 сомонӣ, дар троллейбус - 1,05 сомонӣ. Ин таърифа барои толибилмони макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст.  Таърифа баъди тасдиқ кардани донишҷӯӣ ва пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

«Тахфифӣ» - дар автобус - 1,53 сомонӣ, дар троллейбусе - 1,28 сомони. Таърифа зимни пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

Ҳамчунин дар City Card метавон билети нимсола ё яксолаи роҳкиро дар автобус ва тролеейбусро харидорӣ намуд.

Ин билетҳо акнун бо таърифаҳои зерин фурӯхта мешаванд:

Барои ним сол

Хонанда "Нимсола" – 220 сомонӣ;

Донишҷӯ "Нимсола" – 300 сомонӣ;

Шаҳрванд "Нимсола" – 450 сомонӣ.

Барои як сол

Хонанда "Солона" – 300 сомонӣ;

Донишҷӯ "Солона" – 520 сомонӣ;

Шаҳрванд "Солона" – 750 сомонӣ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе корти ягонаи City Сard амал мекунад.

Кортро метавон дар терминалҳо ё фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и воқеъ дар назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе харидорӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.