Дирӯз, 20 октябр дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ - баҳои бофарҳангии ҷомеа”, ки тӯли чор моҳ идома дошт, ҷамъбаст гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи андоз иттилоъ доданд, озмун бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз, баланд бардоштани фарҳанги андозсупории аҳолӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Озмун аз рӯи 2 номинатсия гузаронда шуд:
1) Номинатсияи расми беҳтарин - зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
2) Номинатсияи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» - барои донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон.
Баъди хулосаи ҳакамон дар номинатсияи якум, ки байни хонандагон гузашт, нӯҳ нафар ғолиб дониста шуданд. Дар наминатсияи дуввум ҳам нӯҳ донишҷӯ ғолиб омаданд.
Гуфта мешавад, ки ба ғолибон диплому сипоснома ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста