Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер»-и Русия парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

“Ширкати «Северный ветер» (Nordwind Airlines) парвозҳоро ба самти Маскав-Бохтар-Маскав ҳанӯз соли 2018 оғоз намуда, ширкат дар як ҳафта ба 7 парвоз ба Бохтар ва бозпас аз он иҷозатнома дорад. Бинобат сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, ширкат ба анҷоми парвозҳо имкон надошт ва пас аз азсаргирии онҳо, бо иҷозатномаи аллакай мавҷуда парвозҳоро бо ин хатсайр дубора роҳандозӣ кард”, - иттилоъ доданд дар Агентӣ.

Тибқи маълумоти портали "АвиаПорт", ширкат ба парвоз аз Маскав ба Бохтар аз 25 октябр оғоз мекунад. Пас аз ин парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе анҷом дода мешаванд.

Билетҳои парвоз аз Маскав то Бохтар ҳудуди 12 ҳазор рубл (1 ҳазору 904 сомонӣ) ва бозпас аз Бохтар ба Маскав – зиёда аз 18 ҳазор рубл (2 ҳазору 856 сомонӣ) нарх доранд.

Гуфта мешавад, аз 31 октябр ҳавопаймоҳои ширкат аз Магнитогорск ба Душанбе парвоз мекунанд. Ба мусофирон, аз ҷумла паровоз бо хатсайри интиқоли Санкт -Петербург - Душанбе бо таваққуф дар Магнитогорск пешниҳод мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар аз моҳи декабри соли 2018 оғоз намуд. Он вақт Boeing-и ширкат аввалин 100 нафар мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметевои Маскав расонд.

Бо оғози парвозҳои Nordwind Airlines кори фурудгоҳи байнулмилали Бохтар, ки аз моҳи сентябри соли 2017 қатъ шуда буд, низ барқарор гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.