Тоҷикистон ташаббуси эътирофи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ намуда, ба баррасии ин масъала омода аст.

Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои зиддиковидиро дар кишварҳои ИДМ мусбат арзёбӣ мекунад.

“Мо ба баррасии ин масъала ва қабули санадҳои дахлдор дар ин хусус омодаем”, - иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон котиботи ИДМ механизмеро таҳия карда истодааст, ки ба амалисозии ин расмиёт кумак мекунад.

Ҷаъфаров таъкид дошт, ки шиносномаи зиддиковидӣ ҳамон гувоҳнома (сертификат) дар бораи тасдиқи ваксина гирифтан аст, ки ҳозир амал мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки шиносномаҳои зиддиковидӣ натанҳо ба муҳоҷирони корӣ, балки ба дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, низ дода мешавад.

“Ин маънои онро дорад, ки сарфи назар аз муҳоҷир ё корманди ба сафари хидматӣ равона будан, ҳамаи шахсони аз кишвар хориҷмешуда бояд ин шиносномаро дошта бошанд”, - илова кард Ҷаъфаров.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи гузаронидани ваксина дар Тоҷикистон аз 22 марти соли равон оғоз шуд. Вазири тандурустӣ ва муовини ӯ, инчунин намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон аз аввалинҳо буданд, ки ваксина гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки то ин дам қариб 45%-и аҳолии Тоҷикистон воя (доза)-и якум ва 36%-и аҳолӣ пурра ду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.