Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯйхати кишварҳоеро, ки ба вайрон кардани озодиҳои динӣ даст доранд ё ба он роҳ додаанд, эълон кард. Дар ин бора дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА хабар дода мешавад.

Дар феҳристи 10-гонаи аввали кишварҳо Тоҷикистон ҳамроҳи давлатҳое чун Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Корияи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Русия (имсол ба рӯйхат дохил шуд) қарор дорад.

Гуфта мешавад, кишварҳои зикршуда ба далели "нақзи мунтазам, давомдор ва дағалонаи озодии эътиқод" боиси нигаронии хоси Департаменти давлатӣ шудаанд.

Алҷазоир, Ҷазираҳои Комор, Куба ва Никарагуа ба феҳристи махсус шомиланд, ки тибқи арзёбии Вазорати хориҷаи Амрико, ба “вайронкунии ҷиддии озодии дин” роҳ медиҳанд ё роҳ додаанд. Соли гузашта Русия низ дар ҳамин рӯйхат қарор дошт.

Илова бар ин, аз нақзи озодиҳои мазҳабӣ аз ҷониби созмонҳое аз қабили “Ал-Шабоб”, “Ал-Қоида”, “Боко Ҳарам”, “Хайят Таҳрир аш-Шом”, Хусиҳо, ДОИШ ва воҳидҳои он дар Африқо, Ҷамоати Наср ал Ислом вал-муслимин ва Толибон изҳори нигаронӣ мешавад.

“Дар ҷаҳони муосир мушкилоти озодии эътиқод сохторӣ ва доимӣ буда, решаҳои амиқ доранд. Ин мушкилот аз ҳамаи онҳое, ки намехоҳанд бо нафрат ва таҳаммулнопазирӣ созгор бошанд, пайравии доимии глобалӣ ва тааҷҷуҳи аввалиндараҷаи ҷомеаи байнулмилалирот тақозо мекунанд”, - гуфтааст Блинкен.

Ӯ таъкид доштааст, ки ИМА ба ҳидояти  ҳукуматҳо баҳри ислоҳи камбудиҳо дар қонунҳои дохилӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони қонуншиканиҳо идома медиҳад.

Тоҷикистон аз соли 2016 бо тавсияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА шомил аст.

Дар Тоҷикистон ба интиқоди Вазорати хориҷаи Амрико аз вазъи озодии дин розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо изҳор доштаанд, ки барои ба ин феҳрист шомил кардани кишвари мо ҳеҷ асосе нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.