Нимпайкараи донишманди саршиноси тоҷик, адабиётшиноси варзида Аълохон Афсаҳзодро дар зодгоҳаш ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент гузоштанд. Шаҳрдории Панҷакент гуфтааст, нимпайкара барои поси хотири заҳматҳои ин донишманди асил, адабиётшинос ва ҷомеашиноси номошно бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ гузошта шуд.

Нимпайкараи Афсаҳзод дар пеши мактаби шумораи 64 деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ қомат афрохт.  Аълохон Афсаҳзод 10-уми ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯ таваллуд шудааст ва қомат рост кардани нимапайкараи ӯ дар рӯзҳои таҷлил аз 86-солагии донишманд рост омад.

Аз ин пештар, моҳи ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи Душанбе,  кӯчаи собиқи Советская ба номи Аълохон Афсаҳзод номгузорӣ шуд

Аълохон Афсаҳзод соли 1961, баъди хатми риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии ин пажуҳишгоҳро бар дӯш дошт.

Афсаҳзод ба унвони доктори улуми филолгия солҳои зиёде ба таҳқиқу нашри осори суханвари бузурги форсу тоҷик, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғул шудааст. Рисолаи номзадиву доктории Аълохон Афзаҳзода дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ дифоъ гардида дар ин ришта яке аз муваффақтарин ҷомеашиносони ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ӯ перомуни мавзуйҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии ҳозира, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ ба мерос гузоштааст.

Аълохон Афзаҳзода дар мавриди масъалаҳои театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ маҷмӯаеро бо ном «Зиндагӣ дар саҳна» (1985) навиштааст, ки дар он масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик ба баҳсу муҳокима кашида шудааст.

Соли 2000 аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҷоизаи ҳамноми донишманд таъсис ёфтааст. Афсаҳзод соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардидааст. Ин донишманди варзида, соли 199 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.