Намояндагони тазоҳургарон дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав талаботи худро ба мақомот пешниҳод намуданд: онҳо изҳор доштанд, ки то иҷро шудани талаботашон, ба гирдиҳам омадан идома медиҳанд.

Яке аз намояндагон ҷамъияти аҳолии ВМКБ дар Маскав Ораз Вазирбеков, ки рӯзи 25 ноябр дар Маскав бо сафири Тоҷикистон мулоқот кардааст, дар муроҷиати видеоӣ бобати талабҳояшон изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин вохӯрӣ пешакӣ буда, “маънои онро надорад, ки бо ҳамин кор ба охир расид”.

“Аз ҷараёни вазъият дар Помир изҳори норизоӣ кардем. Гулбиддин Зиёбековро дидаву дониста куштанд. Мо вақт додем, ки одамони дар ин кор иштироккарда боздошт ва ба ҳабс гирифта шаванд. Талаби дуюми мо ин аст, ки постгоҳҳои назоратӣ (блокпостҳо) дар Хоруғ аз байн бардошта шаванд. Дар ин ҷо будани онҳо зарурат надорад. Талаби сеюми мо - барқарор намудани алоқа ва дигар ҳеҷ гоҳ қатъ накардани он аст. Акнун ҳар вақте ки алоқа бо вилоят қатъ шавад, мо ҳамин шумор назди сафорат ҷамъ меоем”, - зикр мекунад Вазирбеков.

Ҳамчунин ба қавли нмобурда, пагоҳ низ ба сафир талаби иловагии хаттӣ супурда мешавад.

Вазирбеков мегӯяд, сафир ваъда додааст, ки талабҳои онҳоро ба ҳукумати кишвар мерасонад.

Ӯ ҳамчунин ба мақомоти Русия барои имкон додан ба гирдиҳамоӣ ва рафтори хуб доштан бо онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

“Посухи онҳоро интизор мешавем, лекин як чизро гуфтанием, ки иҷрои ваъдаҳоро як ё ду моҳ мунтазир шуданӣ нестем. Ҳоло ба саволҳои худ посух нагирифтаем, лекин мепурсем. Дигар ин тавр намешавад”, - гуфт Вазирбеков.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар дигар кишварҳо низ, аз ҷумла ИМА ва Аврупо низ баргузории гирдиҳамоиҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.