Имрӯз, даҳҳо шаҳрванди Амрико дар сафоратхонаи ин кишвар ва бар асоси барномаҳои гуногуни байналмилалӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Тавре мушоҳида мешавад, аксари онҳо забони тоҷикиро медонанд ва дар муошират бо мардум бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Мо аз сафорати ИМА пурсидем, ки диломатҳои амрикоӣ дар куҷо забони тоҷикӣ меомӯзанд ва чаро ин барои онҳо зарур аст?
Аз сафорати ИМА ба мо гуфтанд, пеш аз он ки дипломатҳои амрикоӣ барои кор ба Тоҷикистон интихоб шаванд, дар худи Амрико дар Институти хадамоти дипломатӣ забони тоҷикиро аз худ мекунанд.
Ба гуфтаи масъулини сафорат, омӯзиши забони миллии кишварҳое, ки дипломатҳои амрикоӣ дар онҷо кор мекунанд, авлавияти Департаменти давлатии ИМА буда, онҳо бар ин назаранд, ки донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикӣ барои амнияти миллӣ ва ҳамкории мусбат бо кишварҳои мизбон муҳим мебошад.
- Дипломатҳои дигар қабл аз фиристодан ба Тоҷикистон дар Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи стипендияи омӯзиши забон - “Critical Language Scholarship program” ва ширкат дар барномаҳои табодул бо Тоҷикистон, ба мисли Фулбрайт (Fulbright) забони тоҷикиро меомӯзанд. Дигаронро ба Тоҷикистон ба сафари корӣ мефиристанд ва пеш аз он ки онҳо ба ин кишвар ташриф биёранд, барномаи солонаи омӯзиши забони тоҷикиро меомӯзанд, – гуфтанд аз ин ниҳоди дипломатӣ.
45- ҳафта барои омӯзиши забони тоҷикӣ
Дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфтанд, барои америкоиҳое, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ доранд, дар худи Амрико имконоти зиёде мавҷуд аст.
Аз ин ниҳоди дипломатӣ, аз донишгоҳҳо, институтҳои омӯзиши забон ва марказҳои хусусии омӯзишии забон ёдоварӣ шуданд, ки дипломатҳои амрикоӣ метавонанд ба он шомил шуда, забони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикиро омӯзанд.
- Ҳамчунин, дипломатҳои амрикоӣ дар Институти хадамоти дипломатӣ ба омӯзиши вижаи забон фаро гирифта мешаванд, ки он омӯзиши 45- ҳафтаинаи забони тоҷикиро дар бар мегирад, -гуфтанд дар ин ниҳоди дипломатӣ.
Дар Тоҷикистон кӣ дипломатҳои амрикоиро забони тоҷикӣ меомузанд?
Масъулини сафорати ИМА мегӯянд, департаменти давлатӣ дипломатҳои амрикоиро ташвиқ мекунад, ки малакаҳои забонии худро инкишоф диҳанд. Аз ин рӯ, сафоратхонаҳои ИМА ба дипломатҳо имконият медиҳанд, ки аз устодони маҳаллӣ, ки аз ҷониби сафорат киро шудаанд ё шартнома доранд, маълумот гиранд.
- Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ ин барномаро дорад. Дипломатҳо инчунин, метавонанд мустақиман аз муаллимони маҳаллӣ ё тавассути платформаҳо, ба монанди iTalki, омӯзиши хусусии забони тоҷикиро интихоб кунанд, - гуфтанд аз сафорат.
Чаро омӯзиши забони тоҷикӣ барои дипломатҳои амрикоӣ муҳим аст?
Дар ин ниҳоди дипломатӣ чунин мешуморанд, ки омӯзиши забони тоҷикӣ барои дипломатҳои амрикоӣ муҳим аст, зеро он ба онҳо имкон медиҳад, ки робитаҳои наздиктарро барои фаъолияти касбии худ инкишоф диҳанд ва ин иртиботро бо мардуми маҳаллӣ , осон мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста