Дар Душанбе дар доираи иқдомҳои рушди сайёҳӣ миёни ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ширкати "Hans Biotech" Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо барои сафари қулайи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва шаҳрвандони Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Тавре ки дар саҳфиаи Ширктаи “Сомон Эйр” дар Facebook хабар дода мешавад, санади мазкурро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" директори генералӣ Суҳроб Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Hans Biotech» муассиси он Бекхи Хан ба имзо расониданд.

Тибқи шартҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба таври мунтазам ва ҳамчунин дар заминаи дархостҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд ва Hans Biotech ӯҳдадор аст парвозҳоро бо хатсайри Тошканд-Сеул-Тошканд тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии ширкати ҳавопаймоии “Asiana Airlines” ташкил намояд.

Тавре интизор меравад, иҷрои парвозҳо дар масири пайвастшаванда баҳори соли 2022 шурӯъ мешаванд.

“Ба шарофати тасмимҳои ҳукуматҳои ду давлат муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея боз ҳам қавитар мешаванд ва мо аз имзои Ёддошт хеле хушнудем, зеро ин ҳамкорӣ имкони густариши равобити дуҷонибаро тавассути хатсайрҳои васлшаванда фароҳам меорад”, - иброз доштааст Суҳроб Ҷӯраев.

Директори генералии ширкат ҳамчунин илова намудааст, ки зиёда аз ин, дар заминаи созишномаҳои код-шерӣ ва интерлайнӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” метавонад шабакаи парвозҳои худро тавсеа дода, мусофирони бештареро фарогир бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.