Рӯзи 1 декабри соли равон Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар  кори он иштирок менамоянд.

Тавре ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мавзӯи асосии Конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим аст.

Гуфта мешавад, дар кор конгресс аз Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Гузаргоҳи “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим” мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Сурат: Вазорати фарҳанги ҶТ

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ иштирок мекунад.

Ба иттилои Вазорат, ҳамчунин рӯзи 1 декабри соли равон ҳайати коршиносони Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар семинари таҳлилӣ оид ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии Силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони "Фарғона-Сирдарё" ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Мувофиқи нақшаи барнома дар семинари мазкур аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва кишвари мизбон Қазоқистон коршиносону мутахассисон иштирок намуда, вобаста ба ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишварҳои худ дар долони "Фарғона-Сирдарё" ва дигар ёдгориҳо маърӯза ва муҳокимаронӣ менамоянд.

Ёдрас мешавад, ки дар ин долон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", "Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин" -и шаҳри Хуҷанд, "Бунҷикат" -и ноҳияи Шаҳристон, "Ширин ва дахмаҳои Куркат" -и ноҳияи Спитамен, "Мақбараи Ҳазрати Шоҳ" -и шаҳри Исфара ва "Масҷид-Мадрасаи Абдулатиф Султон" -и шаҳри Истаравшан шомил мебошанд.

Зикр мегардад, ки ёдгориҳои таърихии зикргардида аҳамияти байналхалқӣ дошта, аз соли 2017 инҷониб дар рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Талошҳои минбаъдаи Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани ин ёдгориҳо ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.