Имрӯз дар “Суруш Холл” Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Шукуфаҳои пойтахт» оғоз мешавад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, Фестивал дар доираи «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» эълон гардидани шаҳри Душанбе аз 6 то 10 декабр идома меёбад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории фестивал омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар додаанд, баргузории фестивали мазкур баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди кишварҳои узви ИДМ шароит фароҳам меорад.

Шаҳрдории пойтахт ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивал аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Тоҷикистон пешбинишуда 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.