Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз иштирокчиёни “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дод.
“Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бо татбиқи Қонуни авфи моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд”, - гуфт манбаъ.
Пештар хабар дода шуда буд, ки нисбати ӯ бо се моддаи Кодекси ҷонятии ҶТ - "азобу уқубат", "бисёрзанӣ", "расонидан ба худкушӣ" паравнда боз шудааст. Аммо дар изҳороти расмии Додситони кулли Тоҷикистон танҳо аз як модда - азобу уқубат ном бурда мешуд.
Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамаҷонова ҳамсари Парвиз - Азиза Давлатова идома дорад.
Хабар такмил мешавад.
“Қазияи Мадина”
Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома аст, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.
Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.
Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.
Рӯзи 1 декабр Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия - Плюс” гуфта буд, ки 18-уми ноябри соли 2021 парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Додситонӣ дар дар бораи парванда ҷузъиёти бештар надода, гуфт, бархе ҷузъиёти он “бо сабаби сири тафтишоти мавриди ифшо қарор намегирад”.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста