Шаҳрдории Душанбе баргузории шоу-барномаи солинавиро дар майдони асосии пойтахти Тоҷикистон бо шумули мушакафканӣ (салют) дар нақша надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдории пойтахт Ҷамшед Олимов.

“Ба хотири пешгирии интиқолу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эмин нигоҳ доштани солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 дар майдони асосии шаҳри Душанбе баргузории барномаи фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ нашудааст”, - иброз дошт вай.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, имсол ба баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар муассисаҳои томактабӣ иҷоза дода шуд. Дар кӯдакистонҳо чорабиниҳо гузаронида мешаванд.

Олимов ҳамчунин хабар дод, ки барои сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахт дар остонаи Соли нав дар як қатор бозорҳои бузург, аз ҷумла “Меҳргон”, “Саховат”, “Ховарон” ва назди боғи “Куруши Кабир” ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шудаанд. Ин ярмаркаҳо то 31 декабр кор карда, дар онҳо маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон дар муқоиса бо бозорҳо харидан мумкин аст.

Ба гуфтаи манбаъ, тамоми шаҳр ба пешвози Соли нави мелодии 2022 омода буда, кӯчаҳои марказӣ ва дигар хиёбону мавзеъҳои шаҳр бо арчаву дигар рамзҳои солинавӣ оро дода шудаанд.

Арчаи солинавии асосии кишвар дар майдони “Дӯстӣ” имсол 9 декабр қомат афрохт. Баландии арча 30 метр ва масоҳати гирду атрофи пояи он 16,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.