Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи рӯзҳои ид қабул гардид.

Аз ин пас дар Тоҷикистон ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва 26 июл Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин тарҳ

Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зимни муаррифии лоиҳаи мазкур гуфт, 20 апрел ба хотири он ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти адлия таъин гардид, ки дар ин рӯзи соли 2021 Қонуни Ҷумуҳури Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлия” қабул гардид.

Номбурда илова кард, ки ҳарчанд дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид Рӯзи кормандони мақомоти адлия якшанбеи дуввуми моҳи октябр ҷашн гирифта мешуд, вале санаи мазкур ба ягон санад ё рӯйдоди таърихӣ рабт надошт.

Музаффар Ашуриён ҳамчунин, афзуд, ки 26 июл ба он хотир Рӯзи кормандони кормандони иҷрои ҷазои ҷиноятӣ эълон гардид, ки дар ин рӯзи соли 2002 Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон ба имзо расид.

Гуфта мешавад, ки идҳои мазкур бидуни рӯзи истироҳатӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.