Дар бисёри ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар рӯнамоиҳо (реклама)-и хидматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест, изҳор доштааст раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдории пойтахт.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо, ба соҳаи алоқаҳои мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, сатҳи хизматрасонии онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмилталаб арзёбӣ намуд.

“Бо вуҷуди пешравиҳои соҳаи алоқа, сифати он ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурият ба таҷдиду навсозӣ доранд”, - иброз доштааст Рустами Эмомалӣ.

Гуфта мешавад, ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хидматрасонии алоқа ва интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон  ширкатҳои хориҷиянд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Президент аз аҳолӣ даъват намуд, ки наврасону кӯдакони хурдсолро, ки “телефону компютер бозичаҳояшонро иваз намудааст” эҳтиёт кунанд.

Сарвари давлат он замон зикр кард, ки “тайи 10 соли ахир аҳолии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ зиёда аз 30 млрд сомонӣ сарф кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар буда, маблағи кам нест, - гуфт ӯ. - Бо ин маблағ мо неругоҳи Роғунро сохта метавонем”.

Ӯ таъкид дошт, ки шумори корбарони аоқаи мобилӣ дар кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 30 баробар афзудааст. “Агар соли 1991 шумори муштариёни алоқаи телефон ҳамагӣ 277 ҳазор нафарро ташкил медод, пас соли 2021 шумори онҳо ба беш аз 8 млн нафар расид”, - илова карда буд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.