Биное, ки манзили зисти шуморе аз шоиру нависандагон дар он аст, тахриб ва ба ҷойи он шаҳраки “Олимақом” бо тарҳи муосир сохта мешавад. Дар ин бор дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ин бино дар пушти бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ 12-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ки дар он бархе аз чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги тоҷик зиндагӣ мекунанд.

Далели тахриби биноро шаҳрдории Душанбе мутобиқ набудани ин биноҳо ба нақшаи генералии шаҳр марбут медонад.

Огоҳнома дар мавриди тахриби биноҳо, рӯзи 7 январи соли 2022 бо имзои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф аллакай ба бошандагони ин биноҳо ирсол шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки дар муддати 7 рӯз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хонаҳоро барои омӯзиш ба ҳукумати ноҳия пешниҳод кунанд.

Аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ба сокинони биноҳо, ки бештарашон чеҳраҳои саршиноси кишвар мебошанд, бо қарори шаҳрдорӣ дар ҷойи хонаҳояшон хонаҳои нав дода шавад.

- Вобаста ба ҳаҷми хона ба ҳар як бошанда бо илова дар ҷойи ҳамин бино хонаҳои нав дода мешавад. Агар касе намехоҳад, ширкати сохтмонӣ маблағи хонаҳоро ҳисоб крада тибқи қонунгузорӣ медиҳад,-гуфтанд аз шаҳрдории Душанбе.

Манбаъ гуфт, огоҳинома дар мавриди тахриби бино аллакай исрол шудааст ва баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва баррасии масъалаҳои дигар дар фурсатҳои наздик бошандагон кӯчонида шуда, баъд тахриби бино оғоз мешавад.

Аз шаҳрдорӣ гуфтанд, то анҷоми сохтмони бинои нав бошандагони бино аз ҷониби ширкат бо хонаҳои истиқоматии муваққатӣ таъмин мешаванд ва ё ба онҳо маблағ пешниҳод мешавад, ки дар ҷойи хостаашон хонаи иҷора бигиранд.

- Ба ҷойи ин биноиҳои се-чорошёна, биноиҳои зебову хуштарҳи замонавӣ сохта мешавад ва ҳамаи онҳо барои иқомати шаҳрвандон мебошад,-гуфтанд аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе

Аз ин пеш Урун Куҳзод Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Майрам Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” аз шеваи тахриби бинои зисташон изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буданд, ки мехоҳанд масъулин биёянд ва ба онҳо фаҳмонанд, ки чаро бояд барои тахриби бино розӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, ки низ дар ин бино зиндагӣ мекунад, гуфта буд, тоҷирони хонасоз ва масъулини шаҳрдорӣ арзиши фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистонро сарфи назар мекунанд.

Дар ин бино, ки замони Шӯравӣ бо ташабуси Қаҳрамони Тоҷикистон, раиси вақти Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода сохта шудааст, то ҳол чеҳраҳои саршиносе, мисле ҳунарпешаи  шинохта Марям Исоева, нависандаи саршинос Урун Куҳзод, сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва хонаводаи Гулназар Келдиву Салимшо Ҳалимшо зиндагӣ мекунанд.

Пештар ин бино макони зисти худи Мирзо Турсунзода, шоири шаҳир Бозор Собир, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва дигар адибону фарҳангиён буд.

Бархе аз равшанфикрони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ин биноро ба унвони маконе, ки чеҳраҳои фарҳехтаи адабу  матбуоти кишвар дар он зиндагӣ кардаанд, нигоҳдорӣ кунад, зеро он дар оянда метавонад арзиши калони фарҳангиву таърихӣ ҳам барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам барои сайёҳон дошта бошад. 

Гуфта мешавад, ки бинои адибон дар наздикии Майдони “Истиқлол” ҷойгир аст ва шаҳраки нав маҳз дар атрофи ин маҷмаа ба хотири хуштарҳ гардидани гирду атрофи он сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар оянда дар ҷойи манзили зисти адибон ва гирду атрофи он ин шаҳраки муосир сохта мешавад:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.