Аз 17 январ ҷиҳати вуруд ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) талаботи нав ҷорӣ шуд. Онҳо натанҳо ба шаҳрвнадони Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон низ дахл доранд.

Ҳамаи мусофироне, ки ба АМА ворид мешаванд, бояд ПСР-тести манфӣ ба COVID-19-ро пешниҳод кунанд, ки на дертар аз 48 соат то парвози ҳавопаймо бо хатсайр дода шуда бошад, хабар медиҳад Uzbekistan Airways.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳҳои Дубай ва Шарҷа аз мусофирон талаб мешавад, ки аз ташхиси ПСР-тест гузаранд.

Зикр мегардад, ки то маълум шудани натиҷаҳои тест шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон уҳдадор мешаванд, ки дар гӯшанишинӣ (самоизолятсия) қарор дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан худи Ӯзбекистон низ барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин талабот ҷорӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.