Дар Кӯлоб як соҳибкор, дар мағозааш “Гӯшаи хайр” кушода, дар ин гӯша молу маҳсулоти ниёзи аввалро мегузорад, то мардуми фақир ва ниёзманд аз ин гӯша маҳсулоти хӯрокиро ройгон дарёфт кунанд.
Ин мағоза бо номи “Ҳафт бародарон” дар кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст ва Абдураҳмон Абдулазизов, молики ин мағоза мегӯяд, ки се сол аст чунин иқдомро дар моҳи Рамазон роҳандозӣ мекунанд.
“Ин соли сеюм аст, мардуми ниёзманд хеле ҳастанд. Барои ҳамин мо дар ин гӯша навиштаем, ки як кас ҳақ дорад танҳо як маҳсулот бигирад. Мо аз мардуми дигар ҳам даъват кардаем, ки биёянду дар ин гӯшаи мо саҳм гузоранд. Ин гуна бародарон ҳам кам нестанд. Холӣ шуд, онҳо харида пур мекунанд”,-мегӯяд соҳиби мағоза.
Соҳибони ин мағоза ин гӯшаро дар замони ҳамагирии вируси куруно ҳам ташкил карда буданд. Ҳоло масъулони ин ибтикор кортҳои онкӣ низ боз кардаанд ва аз онҳое, ки мехоҳанд ба мардуми ниёзманд ёрӣ бирасонанд, хостаанд ба ин кортҳо пул гузаронанд, то онҳо харида ин гӯшаро доимо пур нигаҳ доранд.
Иқдоми соҳибони ин мағоза дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи гарм шуда, хелеҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста