Сафорати Тоҷикистон дар Украина кори худро бо реҷаи муқаррарӣ оғоз намуд, хабар дод сафири Тоҷикистон дар Киев Давлаталӣ Назризода дар саҳифаи худ дар Facebook.

“Сафорати Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад, ки шурӯъ аз 4 апрели соли 2022 сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат аст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дар шарҳҳои зери ин навишта сафир дар бораи вазъияти Киев изҳори назар мекунад.

“Мо дар Киев қарор дорем. Вазъи шаҳр нисбатан ором аст. Сафорат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад. Шаҳрвандони кишвар ба мо муроҷиат мекунанд. Ба берун аз ҳудуди шаҳри Харков ва дигар минтақаҳои хавфнок баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”, - навиштааст сафир.

Қаблан дар сафорат ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дар он ҷо хатти телефони шабонарӯзӣ фаъол буда, шаҳрвандон тариқи рақами +380933361040 метавонанд ба онҳо муроҷиат кунанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина қарор доштанд ва ин ҳам бидуни назардошти собиқ сокинони ҷумҳурӣ, ки шаҳрвандии Украинаро қабул кардаанд.

Аз оғози даргириҳои низомӣ зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина ба Лаҳистон (Полша) рафтанд.

Аз ин шумор то имрӯз 413 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занону шахсони пиронсол ва ноболиғон ба ватан баргардонида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.