Тимур Зулфиқоров қаҳрамони ин бори маҳфили “ Дар суҳбати адиб” аст. Чорабини мазкур дар Китобхонаи миллӣии Тоҷикистон бо ҳузури адибону фарҳангиён ва даҳҳо донишҷӯ баргузор шуд.

Дар маҳфил дар мавриди ҳаёту фаъолият ва рӯзгору эҷодиёти шоир, нависанда ва драматурги бузурги тоҷик суҳбат ороста шуд.

Тимур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст. Сенарияи филмҳи  “Рояли Сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “ Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои Ишқ”, “ Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тилло”  ба қалами ӯ таалуқ дорад.  

Тимур Зулфиқоров ҳамчунин муаллифи 30 китоб аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ба 12 забони хориҷӣ тарҷума шудасту шумори  нашрашон ба милионҳо адад мерасад.

Солҳои 1990 ва 2010 номзадии Темур Зулфиқоровро як нашриёти русӣ барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт пешниҳод карда буд. Ӯро аз рӯйи  навишатҳош, ки ба сабки Данте шоиру нависандаи маъруфи итолиёӣ монанд аст, Данте- и тоҷику рус мегӯянд. 

Баъди хатми мактаби миёна, ӯ ба Русия рафт ва тақрибан 60 соли ҳаёти худро онҷо сипарӣ кард. Аксари маҳсули қалами худро низ ӯ дар Русия навиштааст.

Ҳамагӣ чанд соле қабл Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон  ӯро ба кишвар даъват карду барояш хонаву бӯстонсаро тақдим намуд. Худи ӯ мегӯяд, баъди баргшатан мехоҳад идомаи ҳаёташро дар зодгоҳаш гузаронад, чун шаҳрҳои калон барои адибону навсандагон имкон намедиҳанд то бо  Худо муноҷот кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.