Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.
Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар баробари ин изҳори эътирози онҳо нисбати падидаҳои манфи дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро унвон карда, таъкид менамояд, ки дави миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.
Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба марра мерасанд. Аз иштироки то 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.
Дарёфти маълумот дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳои пойтахт дар робита ба ин чорабинӣ муяссар нашуд.
Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста