Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки ба далели пайваст намудани яке аз қубурҳо дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе интиқоли об ба бархе аз маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ мешавад. Шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки барои худ миқдори оби зарурӣ захира кунанд.

Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе омадааст, ки "бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм  ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ  интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май муваққатан қатъ мегардад".

Гуфта мешавад интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, Наҳимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал муваққатан қатъ мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои Синову Фирдавсӣ ва  корхонаи «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор кардааст, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Ҳамчунин ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур шудааст, ки дар ин муддат таъмин кардани аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.