Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахшро дар умури идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар шаҳри Бохтар ҳимоят кард. Чорабинӣ аз ҷониби Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахш бо дастгирии Лоиҳа ташкил шуд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои ҳавзавӣ, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳукуматҳои вилоятҳо, ҷонибҳои манфиатдор аз бахши давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, байналмилалӣ, маҳаллӣ ва хусусӣ иштирок карданд.

Муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Г. Шарифовдар суханронияш бар аҳамияти татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 таъкид намуд.

Ислоҳоти об мақсадҳо, вазифаҳо ва механизмҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи марбут ба банақшагирӣ, истифода ва идораи захираҳои обро муқаррар менамояд. Инчунин он, баҳри ислоҳот маблағҳои калони молиявӣ чудо менамояд.

Тибқи овоздиҳӣ мақомоти роҳбарикунанда ва низомномаи Шӯрои ҳавзаи дарё, инчунин аксарияти кулли аъзои Шӯрои ҳавзаи дарё тасдиқ карда шуданд. Илова бар ин, дар вохӯрӣ шарикони рушд, аз ҷумла GIZ, CARITAS, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд фаъолиятҳои лоиҳавии худро дар ҳавзаи дарёи Вахш бо тавсияҳо ва роҳҳои ҳалли беҳтар оид ба идоракунии устувор ва тағйирпазири захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Вахш муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа Шӯрои ҳавзаи дарёи Вахш ҳамчун унсури асосии таъмини рушд ва татбиқи муштарак ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи фарогир, одилона ва устувори идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарё таъсис дода шуд.

Лоиҳа амалиёти худро баҳри дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об дар татбиқи Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва беҳтар намудани амнияти обӣ ва устувории минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Вахш ва Зарафшон идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.