АКТЕД ва Конверҷёнсиз дар ҳамкорӣ бо шарикони худ: Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва Азия +, дар доираи барномаи Свитч Осиё Форуми 1-уми СИФР КАРБОН дар Тоҷикистонро барои Пешбурди истеъмол ва истеҳсоли устувор дар сайёҳӣ ва берун аз он ташкил мекунанд.

Чорабинии мазкур 28 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе баргузор мешавад. Он тақрибан 300+ мутахассисро аз соҳаҳои гуногун аз ҷумла: муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо, муассисаҳои молиявӣ, васоити ахбори омма ва бахши академӣ, ки барои тағйирот омодаанд, муттаҳид мекунад.

Ҳадафи Форуми СИФР КАРБОН ба ҳайси як муколама ва ҳамкорӣ байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва таъмини пешбурди самаранокии энергия ва истеҳсоли энергияи барқароршаванда дар бахши сайёҳӣ ва берун аз он дар Тоҷикистон мебошад.

Мавзуи мазкур, ҷанбаҳои мухталифро дар ҷараёни ҷаласаҳое, ки дар форматҳои динамикӣ ташкил карда шудаанд, баррасӣ намуда, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ барои ноил шудан ба сифр карбон дар Тоҷикистон роҳҳои мушаххасро муҳайё созад!

Форум инчунин мизбони намоишгоҳи СИФР КАРБОН мебошад, ки ҳадафи он таҳкими робитаҳои бозорӣ байни ширкатҳои таъминкунандаи энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия ва бахши сайёҳӣ мебошад. Дар ҳудуди он 40 сохтор дар давоми рӯз барои муаррифии фаъолияти худ ҳузур хоҳанд дошт.

Чорабинии якрӯзаи мазкур барои ҳама субъектҳое, ки мехоҳанд ба иқдоми СИФР КАРБОН ҳамроҳ шаванд, боз аст. 

Сабти ном ва рӯзнома: https://zerocarbonforum.convergences.org/

Маълумоти бештар: Зафар Норов, Корманди кишварии лоиҳаи ACTED дар Тоҷикистон [email protected]+992 987600409