Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 27 май, соати 10 дар толори хурд барпо мешавад. Дар ин бора Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.
"Пас аз маҷлис, соати 14 дар толори бузург маҳфили адабӣ бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат доир мегардад", - навиштааст Ато Мирхоҷа дар сафҳаи фейсбукии худ.
Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд, соати 14.00-и 20-уми май дар Иттифоқи нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи ин ниҳод ба вақти дигар гузошта шуд.
Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт.
Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.
Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат – «Шарора» ,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳон), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.
Тоҷикистон боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия баргардонид
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста