Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бораи дубора аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд хабар медиҳад. Парвозҳо дар ҳар ду хатсайр шуруъ аз 9 июн ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе иҷро карда мешаванд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 17:40 ва аз Қазон ба Душанбе - соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст. Аз Хуҷанд ба Новосибирск ҳавопаймо соати 20:30 раҳсипор гардида, шаби ҷумъа - соати 03:00 бозпас бармегардад. Парвозҳои тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 и -900 сурат мегиранд.
Дар нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хидматрасонӣ (Call-центр) харидани билет ва дарёфти маълумоти муфассал имконпазир аст.
Дар ширкат хотиррасон менамоянд, ки ба ҷуз шаҳрвандони Русия, аз дигар шаҳрвандони хоҳишманди парвоз ба Русия маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19, ки на дертар аз 38 соат то расидан ба қаламрави Русия дода шудааст, талаб карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз 15 марти соли 2022 бо хатсайрҳои “Сомон Эйр” аз кишварҳои ИДМ бо гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксингирӣ ба Тоҷикистон парвоз кардан имкон дошт. Агар гувоҳномаи пурра ё қисман гузаштан аз ваксингирӣ набошад, мусофирон бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР бо натиҷаи манфӣ аз COVID-19-ро, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Барои кӯдакони синни то 3-сола маълумотнома талаб намешавад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии Nordwind-и Русия эълон карда буд, ки аз Қазон (Тотористон) ба Душанбе хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мекунад. Парвозҳо шуруъ аз 26 май рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта иҷро карда мешаванд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста