Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки барои ширкат дар Конфрронси дуюми байналмилалии оби Душанбе омда буданд, аз НБО "Норак" дидан кардаанд.

Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ доктори Абдулазиз аш-Шайбонӣ дар Конфрронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ҳайати расмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  аз НОБ-и “Норак” ширкат карданд.

Ин ҳайатро сафири фавқулодда ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон  дар сафар ба Норак ҳамроҳӣ кардааст.

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ҳайати Саудиро бо осорхонаи таърихи сохтмони НОБ, Маркази идоракунии нерӯгоҳ, макони ҷойгиршавии чархаҳо ва қубури обпарто ошно кардааснд.

1/4

Бино ба хабари Сафорати Саудӣ дар Душанбе, раиси ҳайати Саудӣ, профессор Абдулазиз аш-Шайбонӣ дар ин сафар ва мулоқот ба нақши президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкили об дар сайёра ишора намуда, омодагии кишварашро барои ҳамкории зич дар масъалаи об таъкид кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.