Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий фаъол шуд. Дар расми ба баҳрабардорӣ супурдани бинои донишкада муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, вакилони порлумон ва дигар мақомдорони Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Дар ин бора, дафтари матбуоти ДМТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад бинои Донишкада Конфутсий бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии  Шинҷон (Синзян)-и Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) сохта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бинои донишкадаи Конфутсий иборат аз осорхона, синфхонаи фарҳангӣ, китобхона, синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ҳамчун Маркази Конфутсий ташкил шуда, баъдан мақоми он ба донишкада табдил шудааст.

 Ин донишкада то моҳи майи имсол беш аз 600 бурсия барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбии Тоҷикистон барои таҳсил дар Чин ихтисос додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.