Имрӯз дар Душанбе табиб - офтальмолог, аълочии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Аслишо Мазабшоев дар синни 88-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ҷасади Мазабшоев дар зодгоҳаш - деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз ҳамкорони ӯ дар беморхонаи «Шифобахш» иттилоъ дод, Мазабшоев тӯли як соли ахир бинобар захмӣ шудани пояш кор намекард ва дар хона қарор доштааст. 

«Ҷасади устод дар зодгоҳаш дафн карда мешавад. Устод тӯли ҳаёту фаъолияти пурсамари худ шогирдоне зиёде тарбия намудааст. Хеле афсӯс, ки имрӯз боз як табиби беҳтарини тоҷик дунёро падруд гуфт. Ҳамеша ёди устод дар қалбҳои мо хоҳад буд», - изҳор намуд номбурда.

Аслишо Мазабшоев 1 майи соли 1934 дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа барои таҳсили минбаъда солҳои 1952-1955 дар мактаб-интернати деҳаи Дебастаи ноҳияи Шуғнон таҳсил кардааст.

Соли 1955 ба факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1961 донишгоҳро бомуваффакият хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ якуним сол ба ҳайси духтури чашми беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор карда, солҳои 1961-1963 сардухтури беморхонаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ буд. То охири умр Мазабшоев дар кафедраи офтомология  ДДТТ ва беморхонаи «Шифобахш» фаъолият намудааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!