Бархурдҳо ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон гуногун аст. Аксаран аз он раванди ҷаҳонӣ ном мебаранд ва аз муҳимияти пули муҳоҷирон ба иқтисодиёти кишвар мегӯянд. Аммо дар бисёр  маврид паҳлуҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ сарфи назар карда мешавад. Мо кӯшиш кардем дар ин филм соярушанҳои дигари муҳоҷиратро нишон диҳем.

Филм таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос карда, ҳамзамон дар бораи вазъи имрӯзаи зиндагии оилаи муҳоҷирон ва сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маълумот медиҳад. 

 

Ҷомеашинос Ислом Раҳимов аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда мегӯяд, ки ин раванд ба иқтисодиёти миллии мо хавф ҳам дорад:

“Пештар падидаи бо оила рафтан ба Русия набуд, имрӯз мебинем, аксари муҳоҷирон бо аҳли оилаашон ба Русия мераванд. Акнун ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон маблағи камтар мефиристанд, чун онҳо кӯшиш мекунад хона харанд, кӯдаконашонро ба мактабу донишгоҳ фаро гиранд ва дар умум зиндагиашонро дар он ҷо пег баранд. Падидаи дигари хатарнокаш шаҳрвандии Русияро гирифтани аксари муҳоҷирон аст”.

Ба андешаи коршинос Неъматулло Мирсаидов дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ бештару бештар мутахассисони варзида, ки дар ватан ҷойи кори сазовор намеёбанд, рӯй ба муҳоҷират меоранд:

“Агар мо чуқур ба ин масъала назар андозем, бисёр мутахассисони хуб мераванд. Мутахассисони хубе, ки барои онҳо дар ватан ҷойҳои сазовор нест, яъне “ақл”-ҳо мераванд. Вақте, ки “ақл”-ҳо мераванд, албатта ин таъсири манфӣ ба кишвар аст” - мегӯяд  Мирсаидов.