Рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 21-22 июн ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона 16-8 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 20-21 июн бо сабаби боришот дар маҳалҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур набуда, дар дарёҳои ҷумҳурӣ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат бо роҳҳо тариқи ағба ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор буда, аз аҳолӣ даъват мешавад, ки ҳангоми ба ҷамъоварии растаниҳои кӯҳӣ рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.