Ҳомид Маҷидов,  профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби  20 июн дар синни 85 солагӣ даргузашт.

Ҳомид Маҷидов 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик. Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Маҷидзода як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда, марҳум  дар он ширкат ва суханронӣ карда буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!