Қуллаҳои Маяковский ва Октябрский дар ВМКБ расман ба номи шоирони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ва Мирсаид Миршакар номгузорӣ шуданд. Дар ин бора аз ҳукумати ВМКБ б «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум тағйири номи ин ду қулла тасдиқ шуд

Тавре қаблан навишта будем, пешниҳоди ба номи ин ду Шоири халқии Тоҷикистон ва зодаи Бадахшон гузоштани ду қуллаи баланд дар ҷаласаи Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров аз сӯйи рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ ба раиси вилоят Алишер Мирзонабот пешниҳод шудааст.

Ғолиб Ниятбеков, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, қаблан ба «Азия-Плюс» гуфт, ки раис пешниҳодро қабул карда, барои мувофиқа ба ниҳодҳои масъул манзур карданд. Акнун ин масъала бояд дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ мешуд.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар Фейсбук аз номгузорӣ шудани ду қулла ба номи ин ду шоир истиқбол карда аз номи раиси иттиҳодия ба раиси ВМКБ изҳори сипос кардааст.

Ӯ навиштааст, ки "ин навид тамоми қаламкашони мамлакатро хурсанд карда, далели боризи қадршиносии роҳбари тозатаъйини вилоят аз фарзандони барӯманди ин сарзамини бостонии тоҷикон мебошад".

Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хадамоти шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.

Устод Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

"Падар", "Мавҷҳои Днепр", "Суруши Сталинград",, "Тоҷикистон - исми ман", "Ситораи Исмат" ва "Масъуднома" аз ҷумлаи достонҳои Мӯъмин Қаноат мебошанд, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.

Устод Мирсаид Миршакар аз шоирон ва драманависони хушноми дигари тоҷик аст, ки соли 1993 дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Шоир соли 1950 барои достонҳои «Қишлоқи тилоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.