Дар Душанбе бо иштироки  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба корҳои сохтмони бинои нави Кумита дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, бинои нави маъмурии Кумита дар буриши кӯчаи Шевченко  ва Бухорои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қомат меафрозад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 марти соли 2021 (№167), барои сохтмони бино дар масоҳати 0, 30 гектар замин ҷудо шудааст.

Сурат: хадамоти матбуоти Кумита

Гуфта мешавад, бинои мазкур аз таҳхонаю 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳо, тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, ҳуҷраҳои корӣ, анборҳо, толори маҷлис, миёнасарой, ҳуҷраҳои техникӣ,  ду адад лифти вазнбардориашон 630 ва 1000 кг,  роҳравҳо, нуқтаҳои санитарӣ, ҷойҳои  дастшӯӣ, ҳоҷҷатхонаҳо, шароитҳои зиддисӯхторӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҷойи муайян барои посбон сохта мешаванд.

Айни замон Кумита дар як бино бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, қисмате аз сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазорати кишоварзӣ фаъолият мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.