Шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди Қурбон барои куштани чорво дар шаҳр танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда иҷозат додааст. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе ба “Азия плюс” хабар доданд.
Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода шудааст. Дар маҳаллаи Ховарон чорворо метавон дар теппаи Шарқӣ минтақаи 7, маҳаллаи Чиноро-1 кӯчаи Назаршоев 374, маркази савдои Ховарон кӯчаи Айнӣ 259, маҳаллаи Фалакон, маҳаллаи Қуштеппа (1 Май), маҳаллаи Яккатут, маҳаллаи Чилмеҳроб забҳ кард.
Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаи Мир-Алӣ шаҳраки 42, кӯчаи Барбад назди бинои 64 (М/С Ганҷ) шаҳраки 62, кӯчаи Есенин - 47/2 маҳаллаи Қаротегин.
Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳо Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Ҳаёти нав 74, Ҳаёти нав 313, маҳаллаи Меҳнатобод, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳаллаи Ҳисорак, маҳаллаи Панҷруд маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, маҳаллаи Ҳамадонӣ кучаи Мехкалон 50 хонаи 27/3, Деҳи боло 222, маҳаллаи Шараф, маҳаллаи Меҳробод 2 гузаргоҳи Қубодиён 18 иҷозат дода шудааст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ-дар наздикии Маркази гармидиҳи - 2 (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста