Абдулҳамид Самад, нависандаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи мукофоти давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, имрӯз ба синни 75-солагӣ қадам гузошт. Ӯ 5-уми августи соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст ва фориғуттаҳсили риштаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст.

Дар охири солҳои 70-ум ӯ, бо нахустнигоштаи худ бо номи “Баъд аз сари падар” ба майдони эҷодӣ қадам ниҳод, ки аз тарафи хонандагон ва муҳити илмиву адабӣ хеле хуш пазируфта шуд.

“Паррончакҳо” - асари дуввуми ин нависандаро чандин насли кишвар дар хотир дорад ва ҳоло ҳам дар долонҳои донишгоҳу рахтҳои хобгоҳ ин қиссаи Абдулҳамид Самад мутолиаву муҳокима мешавад. Он аз ҳаёти донишҷӯён ва дар асоси ормонҳои миллӣ нигошта шудааст.

Дар ин баробар, романи “Гардиши девбод”-и ин нависандаи номвар, ки аз гирдбодҳои рӯйдодаи таърихи тоҷикон аз давраи Инқилоб то ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекунад, дар рӯҳияи миллатпарварӣ ва худшиносии миллӣ нигошта шудааст.

Ин нависандаи миллиандеш мегӯяд, дар солҳои 70-уми асри гузашта, замони омаданаш ба майдони адабиёт, эҳёи тафаккури миллӣ сурат мегирифт ва раванди худшиносии миллӣ таҳким меёфт. Вале ба гуфтаи ӯ, имрӯз худшиносии миллӣ коҳиш ёфтаасту таҷоҳуми фарҳанги хориҷӣ афзудааст. Аз ин рӯ, насли навро бояд ба худшиносии солҳои 70 - 80-ум баргардонем ва ҳисси ифтихори миллиашонро дигарбора бедор созем.


Дар ин сӯҳбат бо “Азия-Плюс” Абдулҳамид Самад бештар аз ҳувияти миллӣ ва андешаҳои миллатпарварона ҳарф зад. Вале дар оғоз аз нависандаи саршинос пурсон шудем, ки дар рӯзҳое, ки 75-сола мешавад, ба чӣ корҳо машғул аст?

- Рӯзҳои охир дар хонаам, гоҳ - гоҳе ба Иттифоқи нависандагон меравам.  Дӯстону рафиқон даъват мекунанд, бо онҳо дар тамосу равуо ҳастам. Рӯзҳои ахир телефонам ором намеистад, аз дохилу хориҷ занг мезананду таҳнияти хешро мерасонанд.

Ба ёди ёрон меафтам

- Ба гузашти ин ҳама сол чӣ гуна менигаред ва аз худу эҷоди худ розӣ ҳастед?

- То ҳол ба эҷоду қаламкашӣ машғулам. Аз ташвиши рӯзгор, ки дуртар шудам, ба даст қалам мегирам. Вақтҳои охир ба хотиранависиву таҳрири навиштаҳои 50 соли пешинаам машғулам. Солҳои бачагӣ дар деҳот, сад дареғ, ки аз фарҳанги ёддошт ё хотиранависӣ бехабар будам. Аз вақти аз деҳа баромадан то имрӯз 30 дафтарчаи хотира дорам. Онҳоро варақ мезанам ва дар ин баробар, ба ёди солҳои ҷавониям меафтам. Ба ёди устодон, дӯстон, ҳамкорон, ки бештарашон ҳоло дар байни мову шумо нестанд. Ба наздикӣ дафтари аввал ва дуюмро омода кардам, ки дар шумораҳои 7 ва 8-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” ба нашр мерасанд.

Абдулҳамид Самад бо Саттор Турсун
Аз бойгонии Абдулҳамид Самад

- Умратонро ба эҷод сипарӣ кардед, вале билохира гуфтед, дигар роман наменависед. Иллат: хастагӣ ё камҳавсалагӣ?

- Синни одамӣ, ки рафт, кор карданаш ҳам душвор мешавад. Ман ин гапро танҳо ба хотири саломатиам гуфтам. Ҳатто бовар надоштам, ки романи “Гардиши девбод”-ро ба итмом мерасонам. Чунки дар таги забон доруи “валидол” гузошта, пушти миз нишаста, кор мекардам.

Дар роҳи худшиносии миллӣ

- Дар аксари сӯҳбат ва навиштаҳои Шумо вожаҳои “ормони миллӣ”, “худшиносии миллӣ” ва “шуури миллӣ” таъкид мешавад. Мафҳуми ҳувият ва худшиносии миллиро ба хонандагон равшан мекардед?

- Давлати соҳибистиқлол бидуни миллате, ки худаш ва арзишҳои таърихиашро нашиносад, пойдор намемонад. Миллатро рӯҳи худшиносӣ ва эҳтиром ба фарҳанги қадима ҷовидона нигоҳ медорад.

Худшиносии миллӣ ин гузаштаи худро донистан аст. Аслан, гузаштае, ки бо он ифтихори ҳар ватандор афзун мешавад. Ба эҳсоси худшиносии миллӣ асосан донистани таърихи дуру наздики миллат қисмати меҳварӣ ҳисоб мешавад. Ҳамчунин, сарҷамъии халқ ва ба як андешаву арзишҳо будани он асоси худшиносӣ аст. Ин ба зарари ҳеҷ кас нест, ҳар миллат ҳуқуқ дорад, ки арзишҳои миллии худро донад, аз он сухан ронад, варо ҳифз намояд.

Дар мо як фаҳмиши ғалате аст, ки дар доираи мафҳуми “ҳифз кардан” танҳо ҳудуди ҷуғрофиро мефаҳмем. Не, ин тавр нест. Тоҷикистони мо - ин ватани ҷуғрофиёии имрӯзаи мо аст. Дар ин баробар, мо ватани таърихӣ дорем, ки ҳудудаш хеле бекарон аст ва марзу буми васеъеро дар бар мегирад. Аз шаҳрҳои қадимаи фарҳангӣ то пойтахтҳои басо илмуву адабӣ. Ва ин ҷо бояд шахсиятҳои миллиро сарфи назар накунем, чунки пояи асосии худшиносии миллӣ аз ин дарё об мехӯрад.

Абдулҳамид Самад
Акс аз бойгонии А. Самад

Ормонҳои миллӣ бошад, барои расидан ба мақсадоти миллат хеле муҳим дониста мешавад. Ормони як шахс ва як миллат метавонад, аз ҳамдигар фарқ дошта бошад. Ормони миллӣ дар андешаи ҳар миллатдӯсту ватанпарвар ҷой дорад ва ба фардои равшану тобандаи миллат бурда мерасонад.

Худшиносии миллӣ ҳазоронро қурбонӣ дод

- Дар замони Шӯравӣ, ки гуфта мешавад, сохтор бештар беҳувиятсозии миллатҳоро дунбол мекард, Шумо ва ҳамовардонатон дар он айём дар эҷодиёти худ аз ҳувияти миллӣ сухан мегуфтед. Мушкиле барои чунин андешаҳоятон пеш наомада буд?

- Худшиносӣ ва ҳифзи ормонҳои  миллӣ ҳеҷ гоҳ осон набуд, монеаву хатарҳоро дар пай дошт, вале мебоист, ки ба ин талош кунем. Муҳаммад Иқбол ҳам мегӯяд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Агар деҳқон барои дигарон кишт бикунад, ин талх ва нангин аст. Ин ҳамон ғуломӣ, ҳамон вобастагӣ аст. Миллати мо дар ин роҳ, ки ба худшиносии миллӣ бирасем, бисёр душвориҳоро пушти сар кард, ҳазоронро қурбонӣ ҳам дод.

Тоҷикон имтиёзи зиёде надоштанд

- Худшиносии миллии тоҷикон дар кадом солҳо шурӯъ гардид ва ба ин кадом шахсиятҳои миллӣ заминагузор буданд?

- Худшиносии миллии тоҷикон аз ибтои ҳастиашон буд, вале пас аз фурӯпошии давлати Сомониён ин ормони миллӣ шуд. Пас аз ин бисёриҳо талош карданд, то давлати тоҷиконро дубора бунёд кунанд, аммо...

Дар зуҳур кардани ҷавонбухориён ва насли баъдии онҳо худшиносии миллии мо бештар шуд. Мегӯянд, то ин дам баробарӣ буд. Не, баробарӣ ҳеҷ гоҳ набуд. Тоҷикон имтиёзи зиёде надоштанд, ҳатто дар Аморати Бухоро ва атрофи он дар ҳазорсолаи гузашта тоҷикон барои чарогоҳҳо андоз месупориданд, аҷнабиён - на.

Баъдан, Инқилоб барои мо озодии нисбиро овард. Як пораи Бухорои шарқиро гирифту ҷумҳурӣ сохт. Гарчанде чандон одилона набуд ва осон ба даст наомад, вале дастоварди бузург дониста мешуд.

Барои бароварда кардани ин ормони миллӣ устод Айнӣ хеле муориза бурд. Нусатулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов нақши босазое гузоштанд. Ниҳоят, ба сари инҳо ҳам балоҳоеро оварданд, бадном сохтанд, бадарға карданд, ҳукми қатл доданд. Ин мубориза барои ҳаққу ҳуқуқи таърихии миллат буд, барои барқарор намудани адолат буд, барои ташкили миллату давлати соҳибистиқлол буд, ки онҳо қурбон шуданд, вале аз худ самара гузоштанд.

Абдулҳамид Самад бо модараш
Акс аз бойгонии А. Самад

Сиёсати давр ҳамин буд

- Таъқиботи солҳои 30-юм чӣ андоза ба раванди худшиносии миллӣ латма зад ва аз гуфтаҳое, ки Шумо дар “Гардиши девбод” доштед, чӣ андешаҳо бармеояд?

- Муборизаҳое, ки пеш аз Инқилоб ва баъди он буд, ҳама талош барои расидан ба худшиносии миллӣ ва ташкили давлати миллии тоҷикон буд. Дар “Гардиши девбод” ман фалокатҳои ин давраро ишора кардам ва гуфтам. Вале таҳқиқи мукаммали таърих кори муаррихон аст. Дар давраи таъқибот ба бисёриҳо тӯҳмату бӯҳтон заданд. Масалан, Раҳим Ҳошим - олими маъруфи мо ба як тӯҳмат дар Сибир 15 сол зиндонӣ шуд. Ё Лутфулло Бузургзода, Ҳабиб Юсусӣ, Ҳаким Каримро мағрузона ба ҷанг фиристоданд. Ҳамин тавр, Ғанӣ Абдуллоро гирифтор сохтанд. Ҷалол Икромӣ чӣ азобе накашиданд. Дар ин роҳ Сотим Улуғзода чӣ корҳое накарданд, гарчи пеш аз ба Маскав рафтан узр хостанд. Дигар чеҳраҳо аризанависиро сар карда буданд ва дар гӯр кардани ҳам “ёрӣ мерасониданд”.

На танҳо мардуми Тоҷикистон, миллатҳои дигар ҳам ба ин вабо гирифтор шуда буданд. Баъдан, давраи сафедкунӣ омад ва бисёри “гуноҳкорон”-и он давр пок баромаданд. Вале вазъ ҳамин буд, сиёсати давр ҳамин буд.

Абдулҳамид Самад бо аҳли адаб
Акс аз Инетрнет

- Бубинед, ки бештари “гуноҳ”-ҳо бар сари адибон омад...

- Чунки адибону олимон донишманд ҳастанд ва дар ҷомеа шинохту мавқеъ доранд. Баъдан, онҳо дарди ҷомеаро мегӯянду менависанд. Ин чиз барои бархеҳо хуш намеояд.

Эҳёи тафаккури миллӣ

- Ба андешаи баъзе рӯшанфикрон, худшиносии миллии тоҷикон аз солҳои 70-ум ва ба вижа замони “бозсозӣ” авҷ гирифт ва ҳамин бедории миллат гӯё сабаб гардид, ки ҷанги таҳмилиро бар сари миллати тоҷик таҳрезӣ намоянд. Шумо ҳамчун зиёии он солҳо ба ин андеша чӣ гуна бархӯрд менамоед?

- Дар ҳамин давра эҳёи тафаккури миллӣ сурат мегирифт. Ҳам дар илм, ҳам дар адабиёт. Барои он чунин шуд, ки дар Маскав ҳам ба мисли Дмитрий Лихачёв дар бораи миллати рус гуфтанду навиштанд. Пас аз ин ки русҳо дар бораи миллати худ гуфтанд, дигар милатҳо ҳам ба адабиёт ба назари тоза нигаристанду аз таъриху ҷуғрофиё гуфтанду навиштанд.

Бубинед, ки китоби “Тоҷикон”-и Аллома Ғафуров ҳам дар ҳамин солҳо рост меояд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин дуввумин китобе буд, баъд аз китоби В. И. Абаев бо номи “Осетины”, ки ба номи миллате дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба чоп мерасид ва тӯфони бузургеро оварда буд.

Абдулҳамид Самад
Акс аз саҳифаи Фейсбукии А. Самад

Дар ҳамин солҳо рӯҳияи худшиносӣ дар Тоҷикистон хеле авҷ гирифт. Назму насри миллӣ рушд намуд ва ҳувиятхоҳӣ бештар шуд. Пас аз устод Қаноат устод Лоиқ ҳисси худшиносии миллиро дар назм хеле баланд бардоштанд. Баъдан дигарон пайравии ин роҳи бозшударо карданд. Наср ба ҷои лозимааш расида буд ва мактабҳои эҷодӣ бунёд гашта буд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ бар пояи аллакай, бунёдшудаи худшиносии беш аз пеши миллӣ теша зад ва ин парвози басо зебо садама ёфт. Ин ҷанг воқеан таҳмилӣ буд ва бар сари миллати мо оварда шуд. Ин ҷо бозии қарта мерафт ва ин ҷанге, ки дар Тоҷикистон шуд, метавонист дар ҳар кишвари ҳамсояи дигар бишавад. Халқи моро осон фирефтанд ва ба қишрҳову табақаҳо тақсим карданд. Пас аз ин ҳар нафар хост, ки ҳукми ӯ дар кишвар ҷорӣ шавад. Он чӣ перомуни ин мавзӯъ буд, ман дар қисмати дуюми “Гардиши девбод” гуфтам.

- Вале мунаққидон мегӯянд, қисмати дуюми “Гардиши девбод” сабук тасвир шуда, ҳамаи воқеият, куштор, таҷовуз, хонумонсӯзиҳо ба рӯи қоғаз наомадааст. Ба фикри онҳо то куҷо розӣ ҳастед?

- Ин фоҷеа аст. Ба ин андеша ман ҳеҷ вақт розӣ набудам. Барои миллатам куштор, таҷовуз, хонумонсӯзӣ ва дигар рӯйдодҳои дар давраи ҷанги таҳмилӣ ба вуҷуд омадаро нанг медонам. Агар 150 ҳазор нафар кушта шуда бошанд, ҳамин миқдори дигар аз ғаму ғусса, аз гуруснагиву аз гурезагӣ дар ҳиҷрат азият кашиданд. Набояд мо аз ин фоҷеаи талх доиразанӣ кунем ва воқеоти аз рӯи лағзиш рӯйдодаро дигарбора ёдовар шудаву гуфта истем. Ин ба рӯҳияи солими миллии мо латма мерасонад. Ҳеҷ вақт ман ин чизро нахостам ва намехоҳам.

"Гардиши девбод" асари машҳури А. Самад
Аз Интернет

- Дар ин баробар, воқеият бояд, ки сабт шавад, ҳарчанд бо ранги сафед бошад ва ё сиёҳ.

- Муаррихону рӯзноманигорон метавонанд таърихро нависанд. Бигузор кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои марбута ба ин кор машғул шаванд. Барои адиб ва адабиёт ин бори гарон аст. Ман инро намехоҳам. Ё ҳар касе метавонад, ба мисли Фирдавсӣ ё  Шекспир ҳамоса нависад, ихтиёраш аст. Ҳадафи ман ин буд, ки ҳеҷ кадом тарафро гунаҳкори ин ё он воқеот нишон надиҳам, ба рангҳои сиёҳу сафед ҷудо накунам, ба касе ҳукм набароварам ва ин падидаи номатлубро ҳамчун як сабақи таърих барои ояндаи миллатам бигӯям. Он чи ки мехостам ва дар тавонам буд, кардам.

Об бӯйи хун мекард

- Аз ҷанги шаҳрвандӣ гуфтед, воқеан ҳам дар оғози соли 1993 Шумо муовини аввали Иттиҳоди нависандагон интихоб шудед. Масъулияти ин симат дар он солҳои ҷанги нангин душвор набуд?

- Давраи хеле мушкил буд ва тоҷик ба ғасби молу ҷони тоҷик афтода буд. Дар “Гардиши девбод” гуфта будам, ки он замон об бӯйи хун мекард. Солҳои ҷанг аз мо истодагарӣ ва масъулияти сангинро талаб мекард. Ба таъбири устод Лоиқ дар замони ҷанг мебоист, ки “тоҷикро ба тоҷик шиносонем” ва дар ин баробар вазни сухан ҳам таъсир мекард. Ормони миллии мо ин расидан ба сулҳу оштии миллӣ буд. Баъди қурбонӣ доданҳо ба сулҳ расидем.

Абдулҳамид Самад
Акс аз бойгонии А. Самад

- Имрӯз то куҷо худшиносии миллиро байни ҷомеаи мо ҳис мекунед?

- Мутассифона, имрӯз аз минбарҳо хеле хуб садо медиҳад, вале дар амал кам дида мешавад. Насли нав бештар ба сармоя таваҷҷӯҳ дорад ва андешаи асосии бештари онҳо имрӯз пулу мол аст. Шумо медонед, ки вақте сармоядорӣ афзоиш ёфт, маърифати одамият коҳиш меёбад. Таҷоҳуми фарҳанги хориҷӣ бештар шудааст ва одатҳои милливу русуми тоҷикӣ коҳиш ёфтаанд.

Насли мо дар байни ду аср, ду сиёсат, ду равияву тамоюли гуногун монд. Насли ҷавони кишвар бошанд, ба омӯзиши таъруху фарҳанги ниёгонии худ таваҷҷӯҳи кам доранд. Аз дирӯз кам огаҳанд ва ба қадри арзишҳои миллии имрӯз кам мерасанд. Фаразан, имрӯз агар Шумо ба ҳамнаслонатон аз худшиносии миллӣ ҳарф занед, намефаҳманд, таваҷҷӯҳ намекунанд, механданд. Агар ман гӯям, мегӯянд, аз замона ақиб мондаед. Бо ин дигар худшиносии миллиро ҳамчун булбул бозгӯӣ мекунему вале аслан намефаҳмем, ки чӣ мегӯем. Фаҳми худшиносии миллиамон хеле коҳиш ёфтааст. Ё ҳамкасбони Шумо вақте барои мусоҳиба гирифтан меоянду боз мепурсанд, “номатон чӣ асту вазифаастон чист?”, то куҷо худшиносӣ доштани мо маълум мешавад.

Абудлҳамид Самад бо муаллиф
Акс аз бойгонии муаллиф

- Пас, барои насли ҷавони миллат чӣ роҳеро тавсия медиҳед, ки бештар тавонанд ба худшиносии миллӣ рафта бирасанд?

- Чанд рӯзи пеш аз телевизион як варзишгари кӯҳансоли тоҷик гуфт, “вақте ба майдон мебаромадам, дар пешорӯям миллату кишварамро медидам, ба худ ваъда медодам, ки ман барои сарбаландии миллатам омадам, пас, бояд аз майдон бо пирӯзӣ берун шавам!”. Офарин хондамаш. Ҳамин аст худшиносии миллӣ. Дар гуфтораш муҳаббатро ҳис мекардам. Ман ҳам намехоҳам, ки ҳамаро бо як санги тарозу баробар кунам, вале устод Лоиқ мегуфт:

Дар раҳи фардои миллат,

Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,

Бо сару савдои миллат,

Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад!

Аз ин рӯ, имрӯз  насли навинро мебояд, ки бо рӯҳияи воқеан худшиносӣ тарбият намоем ва ҳувияти миллиашонро беш аз пеш таҳким бидиҳем. Насли навро бояд ба худшиносии солҳои 70 - 80-ум баргардонем ва ҳисси ифтихори миллиашонро дигарбора бедор созем. Ин дигар вазифаи вазирону ҳокимон ва қувваи зеҳнии нав аст. Ман ба фардои дурахшони миллат бовар дорам.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.