Билетҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон тайи моҳи ахир ба таври назаррас боло рафта, қиматшавии онҳо идома дорад.

Мусофирон мегӯянд, агар як моҳ пеш нархи билети самти Душанбе-Маскав аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир онро бо душворӣ бо нархи аз 5 то 5,5 ҳазор сомонӣ ёфтан мумкин аст.

“Аввали моҳи июл бародарам бо 3 ҳазору 890 сомонӣ билет харида, ба Маскав рафт. Вале вақте ман рӯзи 5 август ба хазина (касса) рафтам, билети хатсайри Душанбе - Маскав, ки аз ҷониби ширкати “ЮтЭйр” иҷро мешавад, 6 ҳазору 400 сомонӣ нарх дошт”, - гуфт сокини Душанбе Маҳмадалӣ.

Ӯ мегӯяд, акнун ифтитоҳи хатсайри роҳи оҳанро интизор мешавад, то ки бо он ба Русия равад. Ба гуфтаи мақомот, қатораи аввали мусофирбар ба Русия рӯзи 16 август аз Кӯлоб ба Волгоград раҳсипор мешавад.

Намояндаи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо гардад, дар ин робита изҳор намуд, ки ҳар сол дар як моҳи муайян билетҳо қимат ё баръакс арзон мешаванд, ки ба зиёдшавии талаботи мусофирон вобаста аст.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки чунин вазъият натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба мушоҳида мерасад.

Дар сомонаҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ билетҳо ба хатсайри Душанбе - Маскав аз 4,8 ҳазор сомонӣ (472 доллар) сар мешаванд Дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ бошад, ҳамин билетҳо бо нархи аз 5,1 ҳазор то 6,4 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.