Пас аз таваққуфи дусола, аввалин қатора аз Тоҷикистон ба Русия 15 август ба роҳ баромад.

Равобит тариқи қатора байни Тоҷикистон ва Русия, ки ду сол қабл, бо сабаби пандемия қатъ гардида буд, аз сар гирифта шуд.

Субҳи имрӯз қатори аввал аз Кӯлоб ба Душанбе расид ва 2 соат таваққуф намуд. Назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ дар пойтахт анҷом дода шуд, чун қатора дигар дар ҳудуди Тоҷикистон таваққуф нахоҳад кард.

Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе серодам буд, зеро аксари мусофирони хатсайри мазкур аз Душанбе чипта харидорӣ карда буданд. Байни мусофирон занону кӯдакон ва нафарони солманд низ мушоҳида мешуданд. Ҳамаи онҳо барои сафар ба Русия омодагӣ медиданд.

Манбаъ: Asia-Plus

Абдурасул, яке аз мусофиронест, ки ду ҳафта қабл бо арзиши 1 400 сомонӣ барои сафар тариқи пласкарт чипта харидорӣ намудааст. Ӯ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар дорад.

“Қатораро барои он интихоб кардам, ки нархи чиптаи он нисбат ба чиптаи тайёра арзонтар аст. Нақша дорам, ки бо 2-2,5 ҳазор сомонӣ то Маскав бирасам”, - мегӯяд Абдурасул.

Давлат Сангинов 50 сол дорад ва аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст. Ӯ хушҳолии худро аз барқарор шудани равобит тариқи роҳи оҳан пинҳон намекунад.

“Ман маблағро сарфа накардам ва барои сафар тариқи купе бо арзиши 1856 сомонӣ чипта харидорӣ намудам. Чиптаро аз Душанбе дастрас кардам”,-мегӯяд ӯ.

Манбаъ: Asia-Plus

Ҳамроҳи Давлат Сангинов, ҳамчунин чанд нафар ҳамдеҳаҳояш ба Русия сафар доранд.

Биби Зарамо низ аз вилояти Хатлон аст ва ӯ 60 сол дорад. Ӯ ба назди писараш, ки шаҳрвандии Русияро дорад, сафар мекунад ва ҳамроҳаш наберагонаш низ ҳузур доранд.

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дорем ва умедворем, ки дар марз ҳеҷ мушкиле пеш намеояд”,-мегӯяд Зарамо.

Фарзандаш ба Зарамо ваъда додааст, ки ӯро ба табибони рус нишон медиҳад ва пас аз табобат ба Ватан бармегардад. “То оғози пандемия ман тавассути қатора ба Русия сафар карда будам, яъне дар ин кор таҷриба дорам ва умедворам, ки ин навбат ҳам ҳамааш хуб мешавад”.

Роҳ тариқи кадом шаҳрҳо мегузарад?

Айни замон қатора бо зиёда аз 600 мусофир ба самти Русия раҳсипор аст.

Шароити сафар, фаъолияти кондитсионеру вазъи ҳоҷатхонаҳо, оби гарм барои чой ва дигар шароити роҳати мусофирон баъди ба нуқтаи таъинот расидани қатора маълум хоҳад шуд.

Дар Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ба Волгорад боз ду қатора аз Душанбе ва Хуҷанд мутаносибан рӯзҳои 27 август ва 7 сентябр ба нақша гирифта шуда, фурӯши билет ба онҳо оғоз гардидааст.

Манбаъ: Asia-Plus

Аз Кӯлоб ба Волгоград қатора рӯзҳои сешанбеи ҳафта раҳсипор гардида, рӯзи ҷумъа ба Волгорад мерасад. Аз Волгоград қатора рӯзҳои ҷумъа ба роҳ баромада, рӯзи душанбе ба Кӯлоб мерасад.

Аз Душанбе ба Волгорад қатора рӯзҳи шанбе раҳсипор гардида, рӯзи сешанбе бозпас бармегардад. Аз Хуҷанд ба Волград қатора рӯзи чоршанбе ба роҳ баромада, рӯзи шанбе бозпас бармегардад.

Қатораҳо барои фаровардан ва гирифтани мусофирон дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия таваққуф мекунанд.

Қатораи Кӯлоб - Волгоград дар қаламрави Тоҷикистон дар истгоҳҳои Данғара, Сангтӯда, Вахш, Ёвон, Янги-Бозор (истгоҳи Ваҳдат) ду дақиқагӣ ва дар Бохтар 20 дақиқа таваққуф мекунад.

Истгоҳҳо дар Ӯзбекистон: Кумқӯрғон, Қаршӣ, Самарқанд, Навоӣ, Учқудуқ, дар ду шаҳри Қароқалпоқистон – Мискин ва Қунғурот;

Истгоҳҳо дар Қазоқистон: Бейнеу, Қулсара, Макат, Доссор, Атирау, Ак-Кистау, Исатай ва Ганюшкино.

Дар Русия пас аз убури сарҳад дар Оқсарой (Аксарайская) қатора то расидан ба Волгоград дар шаҳрҳои Верхний Баскунчак, Владимировка ва Волжский меистад.

Хатсайри Кӯлоб - Волгоград

Қатора соати 00:10 аз Кӯлоб ба роҳ баромада, соати 02:08-и аввали рӯзи чорум ба нуқтаи таъйинот мерасад. Роҳ аз Кӯлоб то истгоҳи “Волгоград-1” 3 рӯзу 3 соат ва 56 дақиқа вақтро дар бар мегирад. Суръати миёнаи қатора дар роҳ - 54 км/соат. Масофа - 3 ҳазору 369 км. Дар ин хатсайр 26 истгоҳ мавҷуд аст. Таваққуфи дарозтарин дар истгоҳи “Оқсарой” аст - 140 дақиқа.

Таваққуфҳои дусоата (назорати сарҳадӣ) дар истгоҳҳои:

16 август. Душанбе-1 (вокзали роҳи оҳан) -  8.14-10.18

16 август. Кудукли (Ӯзбекистон) – 11.37-13.37

18 август. Қароқалпоқистон (Ӯзбекистон)  – 20.33-22.33

18 август. Бейнеу (Қазоқистон) – 00.01 – 02.01.

18 август. Оқсарой-1 (Аксарайская-1, Россия) – 16.41 – 19.01.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.